ШАҲРАКИ НАВБУНЁДИ «25 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН» II

Шаҳрак дар ноҳияи истиқоматии №12 дар қисмати ғарбии шаҳри Душанбе ҷойгир буда мутобиқ ба Нақшаи генералӣ рақами тартибии он 122-123 мебошад. Сарҳадҳои ноҳияи маскунӣ: дар шимол – канали калони Ҳисор, дар шарқ – роҳи лоиҳавии хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҷануб – шоҳроҳи автомобилии Шарқу-Ғарб (лоиҳавӣ) ва шоҳроҳи оҳани Ваҳдат-Пахтаобод, дар ғарб – гардишроҳи автомобилии Ғарбӣ Ҷанубӣ (лоиҳавӣ). Масоҳати ноҳияи истиқоматӣ тақрибан 124,50 га буда, аз ҳудуди ноҳияи истиқоматӣ канали калони Ҳисор ва канали Говкуш мегузарад.

Асоси лоиҳаи, ки пешниҳод шуда истодааст фалсафаи худро дорад. Яъне ҳалли меъморию ҳаҷмии шаҳрак дар асоси таъинот ва идеологияи маълум ва маъмулӣ ба вуҷуд омадааст. Дар асоси ин гуфтаҳо мутахассисон дар ҳалли меъморию-ҳаҷмии фазоӣ маҷмаа – аз сохтмони миллии халқӣ эҳё гирифта, онро ҳамчун асоси фалсафаи лоиҳаи худ қабул кардаанд. Агар ба намои зоҳирии маҷмаа нигарем, сохтмонҳои периметрӣ бо ҳавлии дохила баръало маълум мегардад. Қабули ин гуна ғоя бо омухтани сохтмонҳои давраҳои гузашта сабаб гардид.

Чи таври, ки аз таърих ба ҳама маълум аст – дар ҳудуди Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Миёна сохтмони периметрӣ бо ҳавлии дохила – яке аз принципҳои сохтмони халқии миллии мардуми тоҷик ва осиёи миёна мебошад. Ин гуна принсипи сохтмон аз асрҳои қадим то айни замон вуҷуд дорад ва машҳуру маъмул мебошад. Дар мисол сохтмонҳои шаҳрҳои қадими форсу-тоҷик, мисли Хуҷанд, Истаравшан, Самарқанд, Бухоро Хива, Хулбук, Панҷакент, Зарафшон ва ғайраро овардан мумкин мебошад.

Дар лоиҳа шарту-шароитҳои иқлими Тоҷикистон, алалхусус шаҳри Душанбе ба назар гирифта, айнан ин гуна ҷойгиронии биноҳо дар асоси иқлим (климат) ба миён омадааст. Бо ин усул мутахассисони мо ҳар як биноро бо рушнои табииӣ, инсолятсия, шамолдиҳӣ ва ғайра, ки барои офаридани микроклимат зарур аст, таъмин намудааст. Беш аз ҳама бо ҷойгиронии блокҳои алоҳида меъёрҳои зиддисухторӣ пурро риоя мегардад. Дар лоиҳа ҳолати маҳал низ пурра ба назар гирифта шуда, релефи ҷойи интихобшуда низ максаднок истифода шудааст. Ин яке аз омилҳои паст намудани хароҷоти сохтмони маҷмааи мазкур мебошад.