Қитъаи истироҳатии «Малика»

Қитъаи истироҳатии Ғусгарф - маҷмааи фарҳанги-маърифатноки ва махсусгардонида шуда мебошад, ки барои истироҳати кӯтоҳмуддати хоҳишмандон нигаронида шудааст. Ҳудуди мазкур дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар километри 21 ҷойгир шудааст. Қитъаи мазкур аз ҷиҳати географӣ бисёр ҷойи қулай аст. Дар қисми шарқии он дарёчаи Варзоб ва аз тарафи ғарбии он доманакӯҳҳо бо дарахтони гуногуни бо ҳамдигар зич ҷойгир шудаанд. Дар маҳаллаи мазкур дигар чунин қитъаи махсус бо сатҳи баланди хизматрасонӣ нест. Тибқи лоиҳа дар ҳудуди мазкур якчанд бино ва иншоотҳои алоҳида ҷойгир шуда, лоиҳакашӣ шудааст. Тамоми бино ва иншоотҳои пешбинишуда қисми ҷудо нашавандаи маҷмааи мазкур буда, дар онҳо биноҳои ошхона, меҳмонхона барои 50 ҷой, хобгоҳҳои алоҳидаи сатҳашон гуногун, толорҳо барои гузаронидани конференсияҳо, шипангҳо барои гузаронидани чорабиниҳои маъдани- маишӣ, майдонҳои гуногун аз он ҷумла майдони кӯдакон пешбинӣ шудааст. Иморатҳо асосан дуошёна бо таҳхонаҳо мебошанд. Ҳамчунин биноҳои чорошёна, вобаста аз ҷойгиршавии маҳал интихоб карда шудаанд. Биноҳо бо усули асри миёна меъморӣ карда шудаанд. Масолеҳи сохтмони вобаста аз анъанаҳои маҳалли ва захираҳо қабул карда шудаанд.