РАМЗИ ИСТИКЛОЛ ВА ОЗОДИ «АЛМОСИ ТОЧИК»

«АЛМОСИ ТОЧИК»

Истиклолият ва Озоди чист?
Ин аз хама кимматтарин, бебахо неъмат аст, ки ба хама хамчун хаво ва об зарур мебошад. Ва мо бояд ин неъмати бузургро хамчун гахвараки чашм нигох дорем. Барои устувори ва мустахкамии он хама вакт кушиш ба харч намудан даркор аст.
Барои ифодаи ин боги ва мачмааи меъмории рамзи «Истиклолият ва Озоди» - кимматтарин, мустахкамтарин ва хушруйтарин санги нодири АЛМОС-ро ба асоси фалсафаи лоихаи худ гирифтаем. Инчунин ба даст овардани ин санги нодир нихоят мушкил мебошад ва Истиклолият ва Озодии мо низ хамаи мо медонем ба кадом мушкили ва кадом нарх ба дасти точикистониён омадаст.
Дар асоси гуфтахои боло, хачми меъмории рамзи «Истиклолият ва Озоди» тимсоли санги АЛМОС-ро дорад. Баландии РАМЗ – 210 метр-ро ташкил кардааст, ки бе асос намебошад. Агар ба намуди зохирии рамз нигох намоем, он аз як чанд сатххои гуногун иборат аст. Ин сатххо низ фалсафа ё ишора, арзишхои таърихию фарханги ва гузаштахои миллатро дар бари худ мегирад. Сатхи якуми мачмааи меъмории рамзи «Истиклолият ва Озоди» мувофики лоиха, бо баландии 10 метр иборад буда, ба акидаи мо он ифодаи тахкурсии асоси давлати точикон, ки дар замони Сомониён рехта шуда, ишораи замони Сомониён, рукнхои давлатдори ва таърихи он мебошад. Бо ин мо гуфтанием, ки дар хамон замон онхо тахкурсии мустахкам ва бардавомро барои точикони оянда гузоштааст… Сатхи дуюм бошад, бо андозаи 5 метр тахия шуда, аввалин панч соли мушкилтарин рузхои давлати нави Точикистонро, ки баъди ба даст овардани истиклолият руй додааст, ифода мекунад. Инчунин он дуюм бор эхё ва аз нав ташаккул намудани тахкурсии давлат ифода шудааст. Чунки дар ин солхои дарчгардида як чанд руйдод ва корхои бузургу дакик ба амал оварда шудааст, ки он боиси хамаи дастовардхои имруза гашт. Сатхи сеюм - 35 метр кабул гардида, он ишора ба то имруза, яъне 30 соли Истиклолияти давлат аст, ки сол ба сол, мох ба мох, руз ба руз ривоч ёфта, пеш рафта истодааст, мебошад. Дар Рамз ин гуфтахои зикршуда, хамчун конструксия ё сутунхои пуркувват ва мустахкам сохта шуда истодааст, ки ин ба наслхои оянда платформа ё майдон барои абадий гардонидани давлати Точикистон хизмат намояд. Сатхи чоруми мачмаа – 90 метр пешбини шуда, ифодаи босуръат ривоч ёфтани давлат ва мардуми он, тинчу осуда шудани давлат дар оянда мебошад. Мувофики лоиха иловатан ин конструксия тимсоли шукуфтани давлат низ буда, дар вактхои гуногун ва дар вакти зарури хамчун гул кушода ва махкам шуда метавонад. Сатхи панчуми он бо баландии 10 метр тахияшуда, хамчун нигини давлат ифода карда шудааст. Сатхи шашум – 30 метрро ташкил карда, ишора ба пешравии давлат, устувори ва абалкудратии он карда шудааст. Охирон сатхи хафтум – нишонаи нури Точикистон, истифода ва офаридани технологияхои нав ва як хел кадам задани он ба оянда мебошад.
Ва дар умум РАМЗ ифодагари хар як даврахои гуногун, ки аз даврони бустони то Сомониён ва аз он то расидан ба Истиклолияти давлат ва Озодии комил, дар охир бошад бардавом ва абадий будани ин давлати кадиму-куханбунёд, шикастнопазир, тавоно мебошад. Инчунин БОГИ дар гирди рамз ташкил шудааст – ифодаи фархангсолори, таърихнигори, мардумсолори, инсондусти ва химматбаландии ин миллати мехмоннавозро тасвир мекунад.
Бо лоиха дар пахлуи ин мачмааи меъмори майдони деворанигораи мухташами бо номи «Нигористон» бо сахнаи мутаносиб пешбини гардидааст. Ин деворанигора бо сангхои табии ороишии Сугду Хатлон ва Бадахшон ороиш ёфтааст.
Акнун агар ба боги ин мачмаа эътибор дихем, рохи бо шакли овал тахияшударо мебинем. Ин рох мувофики таъинот – барои харакати мардум ва техника дар вакти баргузории тантанахои расмии давлати истифода мешавад, пешбини шудааст. Иловатан он ифодаи хачми чашм буда, дар маркази он алмоси точик, хамчун гахвараки ин чашм тахия шудааст. Чорта рохи иловагии, ки аз чор самти бог ба марказ омада, рохи овалиро убур карда истодааст, нишонаи аз чор вилоят иборат будани Точикистонро ифода намуда, барчамъии давлат ва мустахкамии онро нишон медихад.

Консультантхо (Мушовирон) РАЧАБОВ У. Н.
. ПИРИМКУЛОВ Э. М.

Ичрокунанда, компьютери ороиши ЮСУФЗОДА Х. Ф.

Сармеъмори лоиха (муаллиф) АНОРОВ Г. С.