2013

КОМПЛЕКСИ БИСЁРСОҲАВӢ БО БИНОҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА АНБОРХОНАҲО

Бисерфунксионалӣ

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~74 600,00 м2;
Масоҳати умумии бино: ~2 500,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~7 800,00 м3;
Ошёнаҳо: 3 ва 1 ошёна.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъмор - Исфандиёри Д.
3d-визуализатсия - Назаров О. Ҳ.
Муҳандис-конструктор - Шерматов С. А.

Солнома

Лоиҳакашӣ: солҳои 2012-2013;
Сохтмон: солҳои 2013-2014 (дар марҳилаи сохтмон);
Истифодабарӣ: семоҳаи чаҳорӯми соли 2016;

Нишонӣ

Фармоишгар: Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мухаммад Саид»;
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Абдуллобеков, хонаи 5;
Тарроҳӣ
Ангора

Тавсиф

Комплекси бисёрсоҳавӣ бо биноҳои истеҳсоли ва анборхонаҳо дар қисми ғарбии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе минтақаи мазкур саноатӣ–истеҳсолӣ мебошад. Барои сохтмони иншооти мазкур қитъаи замин бо масоҳати 7,46 га ҷудо карда шудааст. Тибқи лоиҳа дар ҳудуди ҷудогардида сохтмони 5-адад бинои алоҳида ҷойгир карда пешбинӣ шудааст. Ошёнаҳои бино вобаста аз таъинот ва фаъолияти онҳо қабул карда шудааст. Дар ҳудуди мазкур бино ва иншоотҳои зерин:
-меҳмонхона барои ронандагоне, ки ба масофаи дур мераванд;
-бинои маъмурӣ бо ошхона;
-се бинои анборхонаи алоҳида ҷойгир шуда;
-бинои хоҷагӣ ва сехи истеҳсолӣ;
- таваққуфгоҳ барои автомобилҳои сабукрав ва боркашон ва ғайра;
Меъмории бино вобаста аз таъиноти он бо усули минималӣи лоиҳакашӣ шудааст.