2008

Таҷдиди бинои маъмурӣ дар бинои истиқоматии бисёрҳуҷрадор

Ҷамъиятӣ + Корхонаҳо

Маълумот

Масоҳати умумии бино: ~3 750,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~11 400,00 м3;
Масоҳати умумии истиқоматӣ: ~2 450,00 м2;
Ошёнаҳо: 3 ошёна.

Гурӯҳи муаллифон

Аноров Ғ. С., меъмор - Исмоилов Р. М.
3d-визуализатсия - Аноров Ғ. С.
сармуҳандис – Ҳомидов Д.

Солнома

Лоиҳакашӣ: оғоз солҳои 2008 - 2009;
Сохтмон: солҳои 2010 (дар марҳилаи сохтмон);
Истифодабарӣ: -;

Нишонӣ

Фармоишгар: Шахси хусусӣ;
Суроға: шаҳри Турсунзаде, маҳаллаи 5, кӯчаи 40-солагии октябр;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

Бинои истиқоматии бисёрҳуҷрагии лоиҳавӣ дар кӯчаи 40-солагии октябр, дар ҳудуди маҳаллаи 5-ӯми шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст. То гузаронидани корҳои таҷдиди бинои мазкур бинои маъмурии 2- ошёна буд. Қитъаи замин дар тарҳ шакли росткунҷа дорад, масоҳати умумии он 5 000 м2, аз он 1 250 м2. масоҳати зери сохтмон пешбинишуда, боқимонда замини холӣ сабзазор карда шуда, дарахт ва буттаҳо шинонида шудаанд.

Бинои истиқоматии мазкур се ошёна буда, то гузаронидани корҳои таҷдид аз ду ошёнаи баланд иборат буд. Баъд аз гузаронидани корҳои таҷдиди баландии ошёнаҳо тибқи талаботҳои биноҳои истиқоматӣ паст шудаанд. Дар ин асос баландии умумии бино 1,6 м баланд шуд. Дар ин маврид ҳолати бино бо назардошти баланд шудани иморат санҷида шуд. Хулосаҳои мусбати идораҳои лозими гирифта шудаанд. Масъалаи рангубори бино бо назардошти иморатҳои дар гирду атрофи он вуҷуд дошта қабул карда шуд.

Бинои истиқоматӣ дар тарҳ то гузаронидани корҳои таҷдиди ва баъд аз он шакли П-ро дошта, қисмҳои пеши бино ва қафои он барҷастаги ба монанди росткунҷа дорад. Тибқи лоиҳа ошёнаҳои 1-3 аз ҳуҷраҳои истиқоматии 1, 2 ва 3 хонадор иборат аст.