2014

БИНОИ ИСТИҚОМАТИИ БИСЁРОШЁНАИ «CUL DUSHANBE»

Истиқоматии

Маълумот

Масоҳати умумии бино: ~18 500,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~73500,00 м3;
Масоҳати умумии савдо: ~700,00 м2;
Масоҳати умумии истиқоматӣ: ~11 500,00 м2;
Ошёнаҳо: 17 ошёна + 2 ошёнаи таҳхона;

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъморон - Исфандиёри Д. Х., Содиқов Н. Ш.
3d-визуализатсия - Назаров О. Ҳ.
Муҳандис-конструкторон - Шерматов С. А., Саломов М.;

Солнома

Лоиҳакашӣ: солҳои 2013-2014;
Сохтмон: солҳои 2014-2016 (дар марҳилаи сохтмон);
Истифодабарӣ: семоҳаи дуюми соли 2017;

Нишонӣ

Фармоишгар: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Карабоев;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

Бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази савдо ва хизматрасонии «CuldushanbE» дар ноҳияи Исмоил Сомонии шаҳри Душанбе, ки яке аз ноҳияҳои зеботарин, муосир, фарҳанг ва рушди динамики доштаи шаҳр ҳисоб меёбад, ҷойгир шудааст. Дар наздикии ҳудуди лоиҳавӣ маҷмӯъи сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёнавӣ бо маркази савдо ва хизматрасонӣ идома доранд. Маҷмӯъи «CuldushanbE» дар бурриши кӯчаҳои Н. Карабоев ва С. Шерозӣ, назди чорроҳа, дар қисми ғарбии бинои мавҷудбудаи Сирки давлати ҷойгир шудааст. Бинои лоиҳавии мазкур аз ду адад манораи бисёрошёнаи истиқоматӣ, ки баландии ҳар яке 17 ошёна буда, бо иморати савдои ҷамъиятӣ якҷоя карда шудаанд, иборат мебошад. Бино таваққуфгоҳи ду ошёнаи зеризаминӣ дорад, ки барои автомашинаҳои сабукрав таъин гардидааст. Дар ошёнаҳои 16 ва 17-и ҳарду манора ҳуҷраҳо дар ду сатҳ ҷойгир шудаанд ва дар ошёнаи охирин ҳуҷраҳои ҳавлидор ҷойгир шудаанд.
Дар бинои мазкур ошёнаҳо бо таъиноти функсионалии зерин тақсим шудаанд:
• масалан ду ошёнаи зеризаминӣ барои таваққуфгоҳи шабонарӯзи пешбинӣ шудааст, ки ин барои фароҳам овардани шароити хуб барои истиқоматкунандагони ҳарду манора мусоидат менамояд.
• ошёнаи якӯм ҳамчун маркази савдо ва хизматрасонӣ бо масоҳати 1500 м2 таъин гардидааст. Дар он мағозаи фурӯши молҳои саноатӣ ва хӯрокворӣ, толор барои гузаронидани чорабиниҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.
• дар бомпӯши ошёнаи якӯм, яъне дар ошёнаи дуюм боғчаи бачагона бо майдони бозии кӯдакон ва майдон барои сайру гашт ва истироҳати истиқоматкунандагони ин бино ҷойгир карда шудааст.
• Аз ошёнаи сеюм то ошёнаи охирин ҳуҷраҳои истиқоматии масоҳати гуногун дошта, ҷойгир карда шудаанд.
Диққат диҳед!!! «манбаи барқи аз нав захира гардида». Бо ин лоиҳа моён ба соҳибмулкон тавсия медиҳем, ки муассисаҳои худро бо дастгоҳ ва технологияи муосир аз нав лоиҳакаши намоянд. Ин истифодабарии барқ, оби гарм ва гарм кардани ҳуҷраҳои истиқоматиро бепул таъмин мекунад. Бо ин шумоён саҳми арзандаи худро ба сохтмони аз ҷиҳати экологӣ тоза, мегузоред…