Бинои истиқоматии панҷошёна бо маркази савдо дар қишлоқи Чорякорони ноҳияи Рудакӣ ҷойгир шудааст, ки айни ҳол яке аз ноҳияҳои рушди динамики доштаи назди шаҳри Душанбе ҳисоб меёбад. Бинои истиқоматӣ қад- қади шоҳроҳи кӯчаи А. Навои сохта шуда истодааст. Кӯчаи мазкур дар қисми шимолу шарқии шаҳр ҷойгир буда, роҳи даврзананда ҳисоб меёбад. Ҳоло маҳаллаи мазкур бо суръати калон сохта шуда истодааст. Ғайр аз ин лоиҳаи мазкур, сохтмони биноҳои бисёрошёнаи таъиноти гуногун дошта, идома дорад.
Лоиҳа аз бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якӯм мағозаи савдо пешбинӣ шудааст. Таҳхона ҳамчун анборхона ва ошёнаи техникӣ хизмат мекунад. Дар бино ҳуҷраҳои истиқоматии як, ду ва се хонагии масоҳаташон гуногун ба инобат гирифта шудааст. Меъмории бино аз анъанаҳои миллӣ ва муосир иборат буда, усули минималии хай- тек қабул карда шудааст.