2014

МАРКАЗИ "HYUNDAI"

Саноатӣ + Нақлиётӣ / Ҷамъиятӣ + Корхонаҳо

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~10000,00 м2;
Масоҳати умумии бино: ~4000 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~35100,00 м3;
Масоҳати умумии савдо: ~650,00 м2;
Ошёнаҳо: 1 ва 4 ошёна.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъмор - Содиқов Н. Ш.,
3d-визуализатсия - Содиков Н. Ш.
Муҳандис-конструктор - Халилов Ф., Акрамов Б. Н.

Солнома

Лоиҳакашӣ: соли 2014;
Сохтмон: солҳои 2014-2016 (ба анҷом расид);
Истифодабарӣ: семоҳаи дуюми соли 2016;

Нишонӣ

Фармоишгар: Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Авто Тоҷикистан»;
Истифодабаранда: Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Авто Тоҷикистан»;
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳоров, 111;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

HYUNDAI CENTER DUSHANBE – тибқи нақшаи генералӣ иншооти лоиҳавӣ дар қисми ҷанубии шаҳри Душанбе, ҷойгир шудааст. Ҳудуди мазкур асосан минтақаи истеҳсоли - саноатӣ ҳисоб меёбад ва дар он ҷой бисёр биноҳои савдо, хизматрасонӣ, истеҳсолӣ-саноатӣ ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Бинои мазкур чунин лоиҳакашӣ шудааст, ки иншооти мазкур бехатар, бароҳат, бошукӯҳ ва бисёр соҳавӣ бошад, ки ин талаботи соҳаи индустрияи автомобили мебошад. Бояд ёдовар шавам, ки бюрои мо қаблан лоиҳаи TOYOTA CENTER DUSHANBE - ро таҳия намуда буд. Фарқият байни ин биноҳо ғайр аз шакли он, ҳаҷми сохтмон мебошад. Бинои мазкур тахминан ду маротиба калонтар аз ТОЙОТА мебошад. Мо бояд қайд намоем, ки дар лоиҳа тамоми талаботҳо ва стандартҳои консерни автомобилии HYUNDAI ба монанди ТОЙОТА ба ҳисоб гирифта шудааст. Тибқӣ лоиҳа иншоот ба чаҳор минтақаи фаъолиятӣ ҷудо карда шудааст. Минтақаи якӯм минтақаи савдо - намоишӣ барои намоиш ва фурӯши автомобилҳои тамғаи HYUNDAI аст. Минтақаи дуюм ҳамчун минтақаи хизматрасонии техникии автомобилҳои тамғаи HYUNDAI - лоиҳакашӣ шудааст. Минтақаи сеюм ҳамчун бинои маъмурӣ ва анборхона барои хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҷобаҷо гузории қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳо лоиҳакашӣ шудааст. Минтақаи чаҳорӯм - шустушӯйи мошинҳо аст.