2014

БОҒЧАИ КӮДАКОНАИ «РОМАШКА»

Маориф + Тибб

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~4 600,00 м2;
Масоҳати умумии бино: ~3 500,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~12 000,00 м3;
Масоҳати иморат: ~1 400,00 м2;
Ошёнаҳо: 2-3 ошёна+таҳхона.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъморон - Содиқов Н. Ш. Исфандиёри Д. Ҳ.
3d-визуализатсия - Содиқов Н. Ш., Назаров О. Ҳ.
Муҳандис-конструкторон - Акрамов Б. Н., Халилов Ф. А.

Солнома

Лоиҳакашӣ: солҳои 2013-2014;
Сохтмон: солҳои 2014-2017 (дар марҳилаи сохтмон);
Истифода: семоҳаи дуюми соли 2017;

Нишонӣ

Фармоишгар: Шахси хусусӣ;
Суроға: шаҳри Душанбе, маҳаллаи 84 , кӯчаи Б. Гафуров;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

Боғчаи кӯдаконаи «РОМАШКА» дар маҳаллаи 84 шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Тибқӣ нақшаи генералии шаҳри Душанбе қитъаи мазкур дар ҳалқаи дуюми қисми ҷанубу-шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии ҳудуд 0,46 га мебошад. Дар ҳудуди бинои лоиҳавӣ боғчаи кӯдакона ҷойгир шудааст. Ҳалли лоиҳавии бино аз ҷиҳати ҳаҷм ва тарҳ ҳамчун гули «бобуна» қабул карда шудааст. Агар ба баргҳои гул нигаред, дар он гурӯҳҳо, маъмурият ва хонаҷойи хӯрокхӯрӣ ҷойгир шудаанд. Дар маркази он хонаҷойҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст. Дар таҳхонаи бино ҳавз бо хонаҷойҳои лозима, анборхона ва хонаҷойи техникӣ лоиҳакашӣ шудааст. Ҳамчунин дар ҳудуди боғчаи кӯдакона майдони истироҳатӣ ва бозии кӯдакон, ҳамчунин ҳавз барои оббозӣ дар фасли тобистон лоиҳакашӣ шудааст. Меъмории бино бо усули хай- тек бо истифода бурдани рангҳои равшан, ки барои боғчаи кӯдакон ва ясли хос мебошад, лоиҳакашӣ шудааст.