Ин бинои истиқоматии шахсии ҳавлидор дар маҳаллаи боҳашамати шаҳри Душанбе, ҷойгир шудааст. Тибқи нақшаи генералии шаҳр дар ин ҳудуд сохтмони биноҳои истиқоматии пастошёнаи ҳавлидор пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати кашидани лоиҳа, қитъаи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шуда буд, лекин дар оянда қитъаи мазкурро бояд ба мувозинаи шаҳр гузаронанд. Меъмории бино вобаста аз анъана ва фарҳанги ин маҳал кабул карда шудааст. Дар масъалаи тарҳрези дастовардҳои миллӣ фаромӯш нашудааст.