2009

БИНОИ ИСТИҚОМАТИИ ШАХСӢ

Истиқоматии

Маълумот

Масоҳати умумии бино: 650,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~1700,00 м3;
Масоҳати умумии истиқоматӣ: ~450,00 м2;
Ошёнаҳо: 3- ошёна +манзар.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъморон - Исмоилов Р. М.
3d-визуализатсия - Назаров О. Х.
Муҳандис-конструктор - Бобоев Н. А.

Солнома

Лоиҳакашӣ: солҳои 2009-2010;
Сохтмон: солҳои 2011 (дар марҳилаи сохтмон);
Истифодабарӣ:

Нишонӣ

Фармоишгар: Шахси инфиродӣ Джураев Ҷ.;
Суроға: ноҳияи Варзоб, қишлоқи Варзоб-Қалъа.
Тарроҳӣ
Ангора

Тавсиф

Ин бинои истиқоматии шахсӣ берун аз шаҳр дар қишлоқи Варзоб - Қалъаи ноҳияи Вазоб ҷойгир шудааст. Қитъаи мазкур дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд дар километри 30 ҷойгир шудааст. Қитъаи сохтмон биёр мураккаб мебошад. Қитъаи мазкур аз тарафи шимол бо роҳи хоки, ки ба қишлоқ меравад, аз тарафи шарқ ва ғарб - иморатҳо ва аз тарафи ҷануб роҳи хокӣ ва бо биноҳои истиқоматӣ ҳамсарҳад мебошад. Даромадгоҳ ба ҳудуд аз тарафи шимол пешбинӣ шудааст. Ҷойҳои аз иморатҳо холӣ бо дарахтон ва буттаҳо сабзазор карда шудаанд. Рӯйпӯш кардани роҳҳо бо бетон ва роҳравҳо бо кошинҳои шакли «маргаритки» ба инобат гирифта шудааст. Бинои истиқоматии мазкур ду ошёна бо манзар ва таҳхона мебошад. Дар ҳолати ташаккул додани намуди бино усули ғайри классикии «ЭКЛЕКТИКА» ва ҳамчунин дар ҳолати тарҳрезии нақшаи бино фикру мулоиҳизаҳои фармоишгар ба ҳисоб гирифта шудааст. Оид ба ҳалли масъалаи намои бино муаллифони лоиҳа ғояи истифодабарии унсурҳои ғайриклассикиро ба монанди унсурҳои геометрии ҳаҷмдор ва ҳамвор, ки атрофи тирезаҳо ва кунҷҳои биноро зебо оро медиҳанд, истифода бурданд. Манзари бино барои равшан намудани хонаҷойҳои дар ин ошёна ҷойгир шуда, бо тирезаҳои пештоқи оро дода шудаанд.

Дар тарҳ бинои истиқомати шакли росткунҷа дошта, қисми пеши бино барҷастагӣ ба монанди росткунҷа дорад, ки он дар фасли тобистон барои истироҳат таъин гардидааст. Дар қисми рости бинои лоиҳавӣ пешайвони тобистона бо андозаи 4,5х4,40 м ҷойгир шудааст.