2014

МЕҲМОХОНАИ “KARON PALACE”

Ҷамъиятӣ + Корхонаҳо

Маълумот

Масоҳати умумии бино: ~1 500,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~7000,00 м3;
Ошёнаҳо: 5 ошёна+таҳхона.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъмор - Пулотов Б. К., Исфандиёри Д. Ҳ.
3d-визуализатсия - Пулотов Б. К.
Сармуҳандис - Шерматов С. М., Яздонов Х. Б.

Солнома

Лоиҳакашӣ: соли 2014;
Сохтмон: солҳои 2014-2015 (анҷом ёфт);
Истифодабарӣ: семоҳаи дуюми соли 2015;

Нишонӣ

Фармоишгар: Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «STAR PALACE HTL»;
Суроға: ноҳияи Дарвоз, кӯчаи Шохмансур;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

Меҳмонхонаи “KARONPALACE” дар маркази ноҳияи Дарвоз Вилояти Худмухтори Бадахшон ҷойгир шудааст. Лоиҳаи мазкур бо супориши намояндагони ширкати ҶСШК «STAR PALAS HTL», иҷро карда шудааст. Тибқи лоиҳа бино аз панҷ ошёна иборат аст. Ҳар як ошёна мувофиқи фаъолияташ лоиҳакашӣ карда шудааст. Таҳхона ҳамчун анборхона, ошёнаи техникӣ ва хизматрасонӣ бо хонаҷойи коргарон лоиҳакашӣ шудааст. Дар ошёнаи якӯм хонаҷойи посбонии (ресепшни) дусатҳа, қаҳвахона, тарабхонаи хурд бо ошхона, толори конференс ва маъмурият ҷойгир карда шудааст. Аз ошёнаи дуюм то панҷӯм ҳуҷраҳои меҳмонхонаи сатҳашон гуногун ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин як ҳуҷра барои президент ҳаст. Дар боми бино майдони универсиалӣ барои гузаронидани ҳар гунна чорабиниҳо ва маҷлисҳо бо пештоқи бар пешбинӣ шудааст. Меъмори, яъне ҳаҷми бино бо усули муосири Hi-Tech бо истифода бурдани унсурҳои миллӣ, ки барои ноҳияи моён ва Ҷумҳури хос мебошад, ба инобат гирифта шудааст. Ин гуна меъмориро мутахассисони мо вобаста аз маҳал ва ҳолат интихоб намудаанд. Бояд қайд намуд, ки дар наздикии ин бино бинои дигар сохта шуда истодааст, ки аз тарафи бюрои меъмории моён лоиҳакашӣ шудааст.