2014

СУПЕРМАРКЕТ «ЁВАР»

Ҷамъиятӣ + Корхонаҳо / Нақшаҳои генералӣ

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~30 000,00 м2;
Масоҳати иморат: ~6 200,00 м2;
Масоҳати умумии бино: ~10 500,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~109 000,00 м3;
Масоҳати умумии савдо: ~8 200,00 м2;
Ошёнаҳо: 1 ошёна + боми истифода бурда шаванда.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъморон - Расулов Б. М., Исфандиёри Д. Ҳ.
3d-визуализатсия - Назаров О. Ҳ.
Сармуҳандисон - Шерматов С. М., Акрамов Б. Н.

Солнома

Лоиҳакашӣ: соли 2014;
Сохтмон: семоҳаи чаҳорӯми соли 2014- соли 2015 (анҷом);
Истифода: семоҳаи якӯми соли 2016;

Нишонӣ

Фармоишгар: Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ёвар 11»
Истифодабар: Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ёвар 11»
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Хувайдуллоев;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

Супермаркети «Ёвар» - ин бозори калони махсусгардонида шудаи болояш пӯшида дар шаҳри Душанбе буда, аз рӯи андозааш ба меъёр ва қоидаҳо мувофиқ на танҳо дар Ҷумҳурии мо мебошад. Лоиҳаи кории мазкур ин давоми маҷмааи масолеҳи гӯшти мебошад, ки соли 2012 аз тарафи бюрои мо лоиҳакашӣ шуда буд. Ҳудуди мазкур то кашидани лоиҳаи он майдони партовпартои буд. Тибқи нақшаи генералӣ бозори мазкур дар қисми марказии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дар масофаи на он қадар дур аз бинои мазкур, бинои Прокуратураи Генералӣ, маҷмааи фароғатии «Наврӯзгоҳ», қасри Президент бо биноҳои хизматрасонӣ, маҷмааи истироҳатӣ ва гузаронидани чорабиниҳои дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар масофаи муайян аз ҳудуди мазкур сохтмони бинои истиқоматии боҳашамат бо маркази савдо ва хизматрасонӣ идома дорад. Ҳамчунин дар маҳаллаи мазкур чунин биноҳои таъиноти махсус дошта вуҷуд надоранд. Назди мутахассисони мо вазифа гузошта шуда буд, ки як маҷмааи махсус таҳия намоянд. Тибқи лоиҳаи мазкур бозор аз як блоки алоҳида иборат мебошад. Бинои мазкур бо ёрии конструксияи фазоии ҳаҷмаш калон пӯшонида шудааст.