2009

МАРКАЗИ МУОСИРИ ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ

Ҷамъиятӣ + Корхонаҳо

Маълумот

Масоҳати умумии бино: ~3 200,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~8 500,00 м3;
Масоҳати умумии савдо: ~750,00 м2;
Масоҳати умумии хизматрасонӣ: ~1 350,00 м2;
Ошёнаҳо: 5 ошёна + манзар + таҳхона.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Г. С.
Меъмор - Содиқов Н. Ш.
3d-визуализатсия - Содиков Н. Ш.
Сармуҳандис - Шарипов Л. Ш.
Муҳандис-конструктор - Бобоев Н. А., Шерматов С. А.;

Солнома

Лоиҳакашӣ: солҳои 2009 – 2010;
Сохтмон: солҳои 2010-2013 (аном ёфт);
Истифодабарӣ: семоҳаи якӯми соли 2013;

Нишонӣ

Фармоишгар: Шахси инфиродии Сайфиддинов С ва ғайра.;
Суроға: кӯчаи М. Шерализода, шаҳри Душанбе;
Ангора

Тавсиф

Маркази хизматрасонии маишӣ дар соҳили рости дарёи Душанбе, дар маҳаллаи филармонияи давлатӣ, кӯчаи М. Шерализода ҷойгир шудааст. Релефи маҳал нисбатан ҳамвор буда, нишебии умуми i = 0.017 аз шимол ба шарқ мебошад. Қитъаи мазукр аз самти шимол, ғарб ва ҷануб-биноҳои истиқоматӣ, аз тарафи шарқ бо кӯчаи М. Шерализода ҳамсарҳад мебошад. Даромад ба ҳудуд аз кӯчаи М. Шерализода, пешбинӣ шудааст.

Бинои лоиҳавии маркази хизматрасонии маишӣ бинои 5- ошёна бо манзар ва таҳхона мебошад. Дар намои бинои мазкур шишабандии нимдоиравӣ ва ҳамвор, ҳамчунин дар қисми марказии бино шишабанди ба монанди барҷастагии росткунҷа дошта, аз тарафи муаллифони лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки он ҳамчун даромадгоҳи асоси ҳисоб меёбад. Манзари бино бо тирезаҳои шакли пештоқ ва радиусҳои гуногун дошта оро дода шудааст.

Дар тарҳ бинои мазкур шакли чоркунҷа дошта, қисми пеш ва қафои бино барҷастаги ба монанди росткунҷа дорад. Барҷастагии пеши бино буда, чи тавре, ки дар боло қайд кардем ҳамчун даромадгоҳи асоси ҳисоб меёбад. Барҷастагии дар қафои бино буда ҳамчун гиреҳи васлкунанда (зинапоя) лоиҳакашӣ шудааст. Ин гиреҳ аз бинои асосӣ бо дарзи сейсмикии паҳмиаш 500 мм тақсим карда шудааст.