2016

МАҶМААИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ «МЕҲРИ МОДАР»

Маориф + Тибб / Бисерфунксионалӣ

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~~25 000,00 м2;
Масоҳати умумии зерисохтмон: ~7 900 м2;
Масоҳати умумии бино: ~26 500 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~135 000,00 м3;
Ошёнаҳо: 1 ва 6 ошёна.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъморон - Содиқов Н. Ш., Шокалонов Ҷ. Ш., Отабоев Ҷ. Ф.
3d-визуализатсия - Шокалонов Ҷ. Ш., Содиков Н. Ш.

Солнома

Лоиҳакашӣ: соли 2016;
Сохтмон:
Истифодабарӣ:

Нишонӣ

Фармоишгар: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар шаҳри Душанбе»;
Истифодабаранда: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар шаҳри Душанбе»;
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум;
Тарроҳӣ
Ангора

Тавсиф

Дар таҳия намудани лоиҳаи мазкур, мутахассисон фикру ғояҳои худро ба шарту-супориш ва таъиноти маҷмаа равона карданд. Асоси лоиҳа, ки пешниҳод шуда истодааст фалсафаи худро дорад. Яъне ҳалли меъморию ҳаҷмии маҷмаа дар асоси таъинот ва идеологияи маълум ва маъмулӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар асоси ин гуфтаҳо мутахассисон дар ҳалли меъморию-ҳаҷмии фазоӣ маҷмаа – аз сохтмони миллии халқӣ ва ҳаҷмҳои (кубикчаҳои) бозии кудакон эҳё гирифта, онро ҳамчун асоси фалсафаи лоиҳаи худ қабул кардаанд. Иловатан ҳаҷми меъморӣ он аз таиноти функционалии маҷмааи низ ба миён омадааст. Агар ба намои зоҳирии маҷмаа нигарем, сохтмони периметрӣ бо ҳавлии дохила ва ҳаҷмчаҳои (кубикчаҳои) ҳарранга баръало маълум мегардад.

Чи таври, ки аз таърих ба ҳама маълум аст – дар ҳудуди Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Миёна сохтмони периметрӣ бо ҳавлии дохила – яке аз принципҳои сохтмони халқии миллии мардуми тоҷик ва осиёи миёна мебошад. Ин гуна принсипи сохтмон аз асрҳои қадим то айни замон вуҷуд дорад ва машҳуру маъмул мебошад.

Дар лоиҳа шарту-шароитҳои иқлими Тоҷикистон, алалхусус шаҳри Душанбе ба назар гирифта, айнан ин гуна ҷойгиронии блокҳои алоҳида дар асоси иқлим (климат) ба миён омадааст. Бо ин усул мутахассисони мо ҳар як биноро бо рушнои табииӣ, инсолятсия, шамолдиҳӣ ва ғайра, ки барои офаридани микроклимат зарур аст, таъмин намудааст. Ғайр аз он, мо ҳар як биноро бо шабакаҳои муҳандисии бехатар таъмин намуда, дар оянда бехатар истифода менамоем. Яъне ҳар як блок таъминоти алоҳидаи худро доро мебошад. Беш аз ҳама бо ҷойгиронии блокҳои алоҳида меъёрҳои зиддисухторӣ пурро риоя мегардад. Дар лоиҳа ҳолати маҳал низ пурра ба назар гирифта шуда, релефи ҷойи интихобшуда низ максаднок истифода шудааст. Ин яке аз омилҳои паст намудани хароҷоти сохтмони маҷмааи мазкур мебошад. Маҷмаа аз ҷиҳати таинот ба як чанд ҳудудҳои функсионалӣ, ки дар шарту-супориш дарҷ гардидааст, ҷудо карда шудааст.

Мувофиқи лоиҳа дар ҳудуди маҷмаа 12 адад биноҳои алоҳидаи чор ва се ошёнаи гуруҳию таълимӣ, 2 адад биноҳои се ошёнаи маҷмааи варзишию фарҳангӣ, 3 адад биноҳои чор ва шаш ошёнаи маъмуриву таълимии методӣ, ҳавлии дохилӣ бо боғи мавсимӣ барои сайру гашт ва машғулиятҳои табиатшиносӣ, боғи зимистона, майдончаҳои варзишии таиноти ҳар гуна, майдончаҳои тобистона барои бозии кудакон, таваққуфгоҳи муваққатӣ барои мизоҷон ва таваққуфгоҳи дарозмуддат барои коргарон, масоҳатҳои эҷодкориву-санъатшиносӣ, расмкашӣ ва гузаронидани ҳар гуна мусобиқаю машғулиятҳои фарҳангию-зеҳнӣ, эстетикию-бадеи низ пешбинӣ гардидааст.

Маҷмааи таҳияшаванда дар худ ҳамаи талаботу технологияҳо ва системаҳои муосиру пешрафтаро таҷассум менамояд. Дар лоиҳа ҳамаи қоидаҳои амалкунанда низ ба назар гирифта шуда, истифодаи таҷҳизотҳои аз ҷиҳати энергияю барқ каммасраф ва ғайра низ пешбинӣ карда шудааст.