Дар таҳияи лоиҳаи варзишгоҳи мазкур мутахассисон фикру ғояҳои худро ба супориши техникӣ ва таъиноти маҷмаа равона карданд. Асоси лоиҳа, ки пешниҳод шуда истодааст, фалсафаи худро дорад. Яъне ҳалли меъморию ҳаҷмии варзишгоҳ дар асоси таъинот ва идеологияи маълум ва маъмули ба вуҷуд омадааст.
Дар ин асос ҳаҷм ва меъмории маҷмааи варзишгоҳ ба миён омадааст. Дар лоиҳа ҳолати маҳал пурра ба назар гирифта шуда, релефи ҷойи интихобшуда низ максаднок истифода шудааст. Ин яке аз омилҳои паст намудани хароҷоти сохтмони маҷмааи мазкур мебошад. Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ ҳавзи шиноварӣ, корти теннис, бинои маъмурию хизматрасонӣ бо меҳмонхона, майдончаҳои варзишии гуногун бо ободони ҳудуд низ пешбинӣ гардидааст.
Варзишгоҳи таҳияшаванда дар худ ҳамаи талаботу технологияҳо ва системаҳои муосиру пешрафтаро таҷассум менамояд. Дар лоиҳа талаботҳои ташкилотҳои байналхалқии – ФИФА низ ба назар гирифта шуда, истифодаи таҷҳизотҳои аз ҷиҳати энергияю барқ каммасраф низ пешбинӣ карда шудааст. Ба ғайр аз ин фикру мулоҳизаҳои мутахассисони Федератсияи Футболи Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шудааст.