2016

«МАҶМААИ ВАРЗИШИИ «ТОЧ АРЕНА» III

Варзишӣ / Нақшаҳои генералӣ

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~~33 800,00 м2;
Масоҳати умумии зерисохтмон: ~13 600 м2;
Масоҳати умумии бино: ~206 500 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~999 990,00 м3;
Ошёнаҳо: 1 ва 27 ошёна.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъморон - Шокалонов Ҷ. Ш., Азизов Ф. Ф.
3d-визуализатсия - Шокалонов Ҷ. Ш.

Солнома

Лоиҳакашӣ: соли 2016;
Сохтмон:
Истифодабарӣ:

Нишонӣ

Фармоишгар: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар шаҳри Душанбе»;
Истифодабаранда: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар шаҳри Душанбе»;
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Балъами;
Тарроҳӣ
Ангора

Тавсиф

Дар таҳияи лоиҳаи варзишгоҳи мазкур мутахассисон фикру ғояҳои худро ба супориши техникӣ ва таъиноти маҷмаа равона карданд. Асоси лоиҳа, ки пешниҳод шуда истодааст, фалсафаи худро дорад. Яъне ҳалли меъморию ҳаҷмии варзишгоҳ дар асоси таъинот ва идеологияи маълум ва маъмули ба вуҷуд омадааст.

Дар асоси ин гуфтаҳо мутахассисон дар ҳалли меъморию-ҳаҷмии фазоӣ варзишгоҳ – симои ОФТОБПАРАСТ-ро ҳамчун асоси фалсафаи лоиҳаи худ қабул кардаанд. Агар ба намои зоҳирии варзишгоҳ нигарем, офтобпарасти шукуфта баръало маълум мегардад.

Ба ҳама маълум, ки шаҳри Душанбе ва умуман Ҷумҳурии Тоҷикистонро – диёри ОФТОБӢ ном мебаранд. Бесабаб нест, ки дар бисёр ҳолатҳо «Душанбе – шаҳри офтобӣ», «Тоҷикистон – диёри офтобӣ» аз назари ҷаҳониён ва махсусан меҳмонҳое, ки боре ба пойтахтамон ва ба давлатамон ташриф овардаанд, шинохта ва ном бурда мешавад.

Дар ин асос ҳаҷм ва меъмории маҷмааи варзишгоҳ ба миён омадааст. Дар лоиҳа ҳолати маҳал пурра ба назар гирифта шуда, релефи ҷойи интихобшуда низ максаднок истифода шудааст. Ин яке аз омилҳои паст намудани хароҷоти сохтмони маҷмааи мазкур мебошад. Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ бинои таваққуфгоҳи шаш ошёна, ҳавзи шиноварӣ, корти теннис, бинои маъмурию хизматрасонӣ бо меҳмонхона, майдончаҳои варзишии гуногун бо ободони ҳудуд низ пешбинӣ гардидааст.

Варзишгоҳи таҳияшаванда дар худ ҳамаи талаботу технологияҳо ва системаҳои муосиру пешрафтаро таҷассум менамояд. Дар лоиҳа талаботҳои ташкилотҳои байналхалқии – ФИФА низ ба назар гирифта шуда, истифодаи таҷҳизотҳои аз ҷиҳати энергияю барқ каммасраф низ пешбинӣ карда шудааст. Ба ғайр аз ин фикру мулоҳизаҳои мутахассисони Федератсияи Футболи Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шудааст.