Бинои маъмурии бахши Агенти амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон дар кӯчаи Б. Гафуров, шаҳри Бустон, вилояти Сугд чойгир аст. Лоиха дар асоси Карори Раиси шахри Бустон тахти №345 аз 19 октябри соли 2017 тахия шудааст.
Бинои тахияшаванда мувофики супориши техники барои лоихакашии аз тарафи Фармоишгар пешниходшуда, аз 2 (ду) ошёна бо таххона иборат мебошад.
Дар муайян намудани тимсоли бинои тахияшаванда, истифодаи меъмори неоклассики, бо кабули масолехи сохтмони муосир тахия шудааст. Дар асоси гуфтахои дар боло зикргардида, намои бинои тахияшаванда бо ёрии ойнабандихои калон ва андоваи ороиши баландсифати травертин ороиш карда шудааст.
Дар накша (план) бинои тахияшаванда шакли росткунчаро дошта, бо баромад аз тарафи пеш дорад. Андозаи бино 13,00 х 17,00 метр мебошад. Баландии таххона аз фарш то фарш 3,20 метр. Баландии ошёнахои якум ва дуюм аз фарш то фарш 3,30 метр кабул шудааст.
Баландии умумии бинои маъмурии бахши Агенти амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон 8,30 метрро ташкил медихад.
Мувофики лоихаи дар бино 4 (чор) адад озмоишгох, хочатхона ва рохрав, 4 (чор) адад утоки кори, даромадгох, кабулгох, утоки кории директор, хучраи дамгири, мухосибот, хучраи ёрирасон, 2 (ду) адад толори мачлис, ошхона, толори хурокхури, хочатхона ва рохрав тахия шудааст.