Истиқоматии / Бисерфунксионалӣ
Бинои истиқоматии чорошёнаи лоиҳавӣ бо маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаи якум дар маҳаллаи 112 шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Қитъаи мазкур дар тарҳ шакли трапетсияро дошта масоҳати умумии он 2785,00 м2-ро ташкил медиҳад, 1600 м2 зери сохтмон ҷудо гардида, 1185,00 м2 барои ободонии ҳудуд пешбинӣ шудааст.
Лоиҳа аз бинои истиқоматии 4- ошёна бо маркази савдо ва хизматию маишӣ дар ошёнаи якум ва аз хонаҷойҳои ёрирасон барои маркази савдо, ки дар таҳхонаи бино ҷойгир карда шудаанд, иборат аст. Тибқи лоиҳа бинои таҳияшаванда аз ду блок иборат буда, аз ҳамдигар бо дарзи сейсмикӣ ҷудо карда шудаанд. Меъмори бо усули классикӣ иҷро карда шудааст. Асос барои қабул намудани ҳалли мазкур дар он аст, ки биноҳои қаблан дар атрофи ин бино буда бо ҳамин усул сохта шудаанд.