То таҳия намудани ороиши бинои лоиҳавӣ тамоми ошёнаҳо тарҳрези надоштанд. Тибқи супориши фармоишгар моён бояд 5 намуди биноро таҳия намоем, ки 3 намуди он намунавӣ ва 2 намуди дигари он ҳавлиги бошад. Ҳавли дар ошёнаи болои бинои мавҷудбуда, маркази тиҷоратии «Созидание» ҷойгир шудааст. Маҷмааи мазкур маркази тиҷоратии ягона синфи «А» дар шаҳри Душанбе мебошад, вобаста аз он меъмори ва усули ороиши дохилии бино тибқи иморатҳои мавҷудбуда ва таъиноти бино қабул карда шудааст. Ороиши бино бо усули Хай-Тек бо истифода бурдани масолеҳҳои балансифати муосир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҳамчунин мебел ва дастгоҳҳо қабул карда шудааст. Умуман дохили бино бо интихоб ва дуруст ҷойгир кардани мебел ва дастгоҳҳо оро дода шудааст. Дар ҳалли тарҳрези варианти «СТУДИО» қабул карда шудааст. Хонаҷойҳои хоб, оббозӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои истифодабари алоҳида ҷойгир карда шудаанд.