
Бинои мазкур дар қисми шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аниқтараш дар вилояти Суғд, ноҳияи Спитамен, ҷамоати (қишлоқи) Саидқӯрғон ҷойгир шудааст. Мавзеи сохтмон зодгоҳи фармоишгар мебошад. Бино се ошёна ва аз таҳхона иборат буда барои хизматрасонии аҳоли таъин гардидааст. Дар бинои мазкур дармонгоҳи хурд барои табобат ва истироҳати кӯтоҳмуддат барои аҳолии ноҳия пешбинӣ шудааст. Меъмории бино вобаста аз бино ва иншоотҳои дар гирду атрофи он ҷойгир шуда, ҳамчунин супориши фамоишгар барои лоиҳакашӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати интихоб карда шудааст. Бино дар тарҳ шакли росткунҷа дошта , андозааш 15х20 м аст.