
Ширкати мо аз соли 2012 бо биноҳои энергосамаранокиашон баланд ва тоза машғул мебошад. Ба наздикӣ кашидани лоиҳаи бинои на он қадар калони самаранокиашон 100%-ро ба анҷом расонидем. Ҳоло ин бино шино дорад… Мухтасар ин бино умуман ба ягон шабака васл карда нашудааст. Дар бино: барқтаъминкунӣ - аз батареяҳои офтобӣ, обтаъминкунӣ- аз оби борон + зарф бо об, оби гарм - аз коллекторҳои офтобӣ, ороиш - аз масолеҳи аз ҷихати экологӣ тоза, самаранок ва ғайра мебошад. Агар Шумо ба сохтани чунин бино таваҷҷӯҳ зохир карда бошед, ба мо муроҷиат намоед. Мо барои ҳамкорӣ дар ҳама соҳа ва сатҳ дар ин самт омода мебошем. Мутахассисони бюрои мо се варианти ҳалли меъмории иншооти мазкурро таҳия намудаанд. Ҳалли меъмори - тарҳрезии ҳамаи вариантҳо вобаста аз таъиноти бино мебошад. Дар тарҳ понтон ба ду қитъаи фаъолият ҷудо карда шудааст. Ин минтақаи истироҳат ва вақтхушкунӣ ва қисми дуюм ин хизматрасонии техникӣ мебошад. Истифода бурдани масолеҳҳои баландсифат, муосир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҳамчунин мебелҳо ва дастгоҳҳо тавсия дода мешавад.
Диққат диҳед!!! «аз нав барқарорсозии манбаи қувваи барқ». Бо ин лоиҳа моён ба соҳибмулкони ғайриманқул пешниҳод менамоем, ки манзилҳои бошукӯҳи худро бо технология ва дастгоҳҳои муосири захираи барқӣ аз нав лоиҳакашӣ намоянд. Ин ҳуҷраҳои истиқоматиро бо қувваи барқ, оби гарм ва гармкунӣ бепул таъмин менамояд. Шумоён бо ин метавонед саҳми арзандаи худро ба сохтмони экологӣ гузоред….