
Бинои мазкур дар шаҳри Исфара лоиҳакашӣ шудааст. Бино дар қисми марказии шаҳр, қад-қади кӯчаи асосии ба номи И. Сомонӣ ҷойгир шудааст. Тибқи лоиҳа бино се ошёна бо таҳхона мебошад. Дар тарҳ бино шакли росткунҷа дошта, андозааш 25,20х1,80 м. Дар таҳхонаи бино анборхона бо хонаҷойи санитарӣ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи якӯм толорҳои савдо ва хӯрокхӯрӣ бо хонаҷойҳои ёрирасон ва санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи дуюм маъмурият ва дар ошёнаи сеюм хонаҷойҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Меъмории бино бо усули эклектикӣ қабул карда шудаанд. Ҳалли ҳаҷмии он вобаста аз меъмории маҳал қабул карда шудааст.