2008

Бинои истиқоматии панҷ ошёна бо мағоза

Истиқоматии

Маълумот

Масоҳати умумии бино: ~3 200,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~11 500,00 м3;
Масоҳати умумии савдо: ~750,00 м2;
Масоҳати умумии истиқоматӣ: ~2450,00 м2;
Ошёнаҳо: 5 ошёна;

Гурӯҳи муаллифон

сармеъмор - Аноров Ғ. С.
меъмор - Содиков Н. Ш.,
3d-визуализатсия - Назаров О. Ҳ.
сармуҳандис – Шарипов Л. Ш.,
муҳандис-конструктор - Бобоев Н. А.

Солнома

Лоиҳакашӣ: оғоз солҳои 2008 - 2009;
Сохтмон: соли 2010 г. (дар марҳилаи сохтмон);
Истифодабарӣ: -

Нишонӣ

Фармоишгар: Шахси хусусӣ.
Суроға: шаҳри Турсунзада, маҳаллаи 3, кӯчаи А.Ломоносов;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

Бинои истиқоматии 5- ошёнаи лоиҳавӣ бо мағоза дар тарафи рости кӯчаи А.Ломоносов, дар ҳудуди маҳаллаи 3-ӯми шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст. Қитъаи мазкур дар тарҳ шакли росткунҷа дошта, масоҳати умумии он 3560 м2-ро ташкил медиҳад, ки 2400 м2 барои зери сохтмон таъин гардидааст. Ҳудуди боқимонда барои шинонидани дарахт ва буттаҳо пешбинӣ шудааст.

Бинои истиқоматии мазкур бо таҳхона мебошад. Асос барои ташаккул додани тасвири бинои истиқоматӣ, ин истифодабарии анъанаҳои ороиши меъмории тоҷикӣ, ки дар он ҳашт теғадори «гиреҳ», ки онро барои нақшу нигори биноҳои истиқомати, масҷидҳо, кохҳо ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ аз оғози асри IX то асри XX истифода мебурданд. Дар намои бино муаллифони лоиҳа ғояи татбиқ намудани нақшу нигори геометрии унсурҳои ҳаҷмашон калон ва ҳамвор, ҳамчунин истифодабарии рангҳои гуногуни миллиро пешниҳод намудаанд. Бо назардошти гуфтаҳои дар боло қайд гардида, наҳшаи ҳашттеғадор намои бино ва атрофи тирезаҳоро ороиш дода, тасвири миллиро инъикос менамояд. Рангубори бино бо анъанаҳои миллӣ вобаста мебошад.

Дар тарҳ бино шакли росткунҷа дошта, қисми пеш ва қафои бино барҷастагӣ ба монанди росткунҷа дорад. Тибқи лоиҳа дар таҳхонаи бино анборхонаи мағоза ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи якӯм толорҳои савдо ва аз ошёнаи дуюм то ошёнаи панҷӯм ҳуҷраҳои истиқоматии як, ду ва се хонадор ҷойгир карда шудаанд.