2012

МАРКАЗИ ФУРӮШИ "ЁВОР"

Ҷамъиятӣ + Корхонаҳо

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~30 000,00 м2;
Масоҳати умумии бино: ~3 900,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~20 100,00 м3;
Масоҳати умумии савдо: ~1 550,00 м2;
Ошёнаҳо: 1 ошёна + таҳхона;

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъмор - Бурханов Б. М.
3d-визуализатсия - Назаров О. Ҳ.
Муҳандис-конструктор - Бобоев Н. А.

Солнома

Лоиҳакашӣ: солҳои 2011-2012;
Сохтмон: солҳои 2012-2015 (анҷом);
Истифодабарӣ: семоҳаи якӯми соли 2015;

Нишонӣ

Фармоишгар: Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ёвар-11»;
Истифодабаранда: Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ёвар-11»;
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

YOVAR TRADING CENTER – ин маркази савдои калони махсусгардонида шудаи маҳсулоти гӯштӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки аз рӯи андозааш ба меъёр ва қоидаҳо на танҳо дар Ҷумҳурӣ, балки берун аз ҳудуди он мувофиқ мебошад. Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисми марказии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Ин ҳудуд то лоиҳакаши майдони партовпартои буд. Дар ноҳияи мазкур иншоотҳои таъиноти Ҷумҳурияви дошта ҷойгир шудаанд. Дар наздикии иншооти мазкур Прокуратураи генералӣ, маҷмуъи фарҳангии «Наврӯзгоҳ», қасри президентӣ бо биноҳои хизматрасонӣ, маҷмӯъи истироҳати барои гузаронидани чорабиниҳои Датгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Дар наздикии ҳудуди мазкур сохтмони якӯмин бинои истиқоматии боҳашамат бо маркази савдо ва хизматрасонӣ идома дорад. Лекин дар ноҳияи мазкур ин гуна бинои махсус ва таъиноти инфиродӣ дошта нест. Бинобар ин дар назди мутахассисони мо вазифа гузошта шуд, ки лоиҳаи бинои махсусгардонида шудаи мазкур, ки маҳсулоти гӯштиро омода месозад, мефурӯшад ва аҳолии шаҳрро таъмин менамояд, таҳия карда шавад. Ҷунини хизматрасониҳо дар лоиҳаҳои дигар, ки дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр бояд сохта шаванд, пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа маҷмааи мазкур аз се блокҳои алоҳида иборат буда, ҳар як блок таъиноти худро дорад, Дар ин блокҳо тарабхона, супермаркет, бахши фурӯши яклухт, яхдонҳо ва дигар хонаҷойҳои лозими ҷойгир карда шудаанд. Бино як ошёна бо таҳхона буда, шакли он вобаста аз шароити маҳал интихоб карда шудааст. Меъмории бино бо усули хай-тэк ва рангҳои баланд қабул карда шудааст.