2012

Боғи Спитамен

Маданиятӣ

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~8 750,00 м2;
Ошёнаҳо: иншоот;

Гурӯҳи муаллифон

меъморон - Содиқов Н. Ш., Аноров Ғ. С
ороишгари манзара - Содиқов Н. Ш.
муҳандис-конструктор - Шерматов С. А.

Солнома

Лоиҳакашӣ: соли 2012;
Сохтмон: соли 2012 (анҷом);
Истифодабарӣ: семоҳаи сеюми соли 2012;

Нишонӣ

Фармоишгар: Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен;
Суроға: ноҳияи Спитамен, кӯчаи И. Сомонӣ;
Тарроҳӣ
Ангора

Тавсиф

Қитъаи лоиҳавӣ дар қисми рости роҳи асосии ноҳия, кӯчаи Исмоил Сомонӣ ҷойгиршудааст. Дар қисми марказии ноҳияи Спитамен боғи начандон калон лоиҳакашӣ шудааст. Вазифаи асосии моён ин таҳия намудани манзараи зебо бо баъзе сохторҳо ва ҳайкалҳои лозимӣ мебошад. Боғи мазкур ба ифтихори шахси таърихии тоҷик ва қаҳрамони афсонаҳо - Спитамен номгузорӣ карда шудааст. Дар лоиҳаи мазкур мутахассисони мо кӯшиш карданд муҳити атроф, табиат, буттазор ва дарахтонро нигоҳ доранд. Сохтмон асосан аз масолеҳҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, табии, яъне аз чӯбҳо, сангҳои маҳаллӣ ва лой сохта шудааст. Гулҳои сунъи, буттаҳо ва дарахтон низ ҳастанд, лекин манзараи асоси аз ниҳолҳои сарсабзи мавҷудбуда ва маҳалли иборат мебошанд.