2012

ИНТЕРИЕРИ ХОНАИ ШАХСИИ ИСТИҚОМАТӢ

Дизайни интерер

Маълумот

Масоҳати умумии хонаҷойҳо; ~1 450,00 м2;
Ошёнаҳо; 2 ошёна + таҳхона;

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Ғ. С.
Меъмор - Содиқов Н. Ш.
3d визуализатсия - Назаров О. Х., Содиқов Н. Ш.

Солнома

Лоиҳакашӣ: соли 2012;
Сохтмон: солҳои 2012-2013;
Истифодабарӣ: солҳои 2013-2014;

Нишонӣ

Фармоишгар: Шахси хусусӣ;
Суроға: шаҳри Душанбе;
Тарроҳӣ
Ангора

Тавсиф

Иншооти лоиҳавӣ (ҳуҷраи истиқоматӣ) дар ошёнаи панҷӯми бинои истиқоматии бисёрҳуҷрадор ҷойгир шудааст. Тибқи лоиҳа 4- адад ҳуҷраҳои гуногун якҷоя карда шудаанд. Хонаҷойҳо дар ду ошёнаи аввал ва таҳхона ҷойгир карда шудаанд. Даромад ба ҳуҷраи истиқоматии мазкур алоҳида, яъне дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи умумӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳаи мо дар таҳхона буғхона, душ бо хонаҷойҳои санитарӣ, саққобозӣ, толори синамо, ҷомашӯйи ва дигар хонаҷойҳои хизматӣ ба инобат гирифта шуда, дар ошёнаи якӯм меҳмонхона, ошхона, хонаҷой барои хизматчиён, хонаҷойи санитарӣ барои меҳмонон ва хонаҷойи хоб барои меҳмонон ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи дуюм асосан хонаҷойҳои хоб барои коргарон бо баъзе хонаҷойҳои зарурӣ ҷойгир карда шудаанд. Ороиши ҳар як хонаҷой вобаста аз таъиноти он ва супориши фармоишгар қабул карда шудааст. Дар маҷмӯъ усули – классика, хай- тек бо унсурҳои нақшу нигори шарқона ҷой дошта, масолеҳҳои муосир, экологӣ ва ҳамчунин мебел ва дастгоҳҳои баландсифат истифода бурда шудаанд.