Ширкат

«GM and Partners» — ширкати меъмориест, ки дар соли 2007 таъсис гардида, дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ширкати мо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои сохтмониро, аз ҷумла: — тарҳи меъморӣ ва муҳандисӣ, - тарҳи муҳандисии дохилӣ ва берунӣ, - машварат дар соҳаи сохтмон ва саноати сохтмон, сарфи назар аз таъиноти бино ва иншоот, инчунин сарфи назар аз шакли моликият, ба мизоҷон пешниҳод менамояд…

Мақсади ширкат - таъсиси як тарҳи муваффақ ва муосир ба воситаи ҳамкорӣ бо мизоҷон. GM and Partners бо таҳия намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ, маҷмааҳои ғайриодди, биноҳо, муҳити атроф ва технология ба ширкатҳо, ташкилоту сармоягузорон, таҳиягарон ва шахсони воқеӣ кӯмак намуда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми худро мегузорад. Тасодуф нест, ки шиори ширкат истифодаи технологияҳо ва маводҳои инноватсионии муосир дар рушди лоиҳаҳои худ мебошад.

Новобаста аз он, ки аз замони таъсиси ширкати мо вақти зиёд нагузаштааст, мутахассисони мо алакай ба чандин ширкатҳо машваратҳо, лоиҳаҳо коркард карда, чандин биною иншоотҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Инчунин бюрои мо машғули таҳияи лоиҳаи биноҳои экологӣ ва самараноки энергетикӣ мебошад… Бо дархости фармоишгар, мо лоиҳаҳои, бо истифода аз манбаҳои алтернативии энергетики пешкаш онҳо мекунем. Ташкилоти мо дорои мутахассисоне мебошад, ки дар ин соҳа дар кишварҳои пешрафти хориҷа (Амрико ва Русия) омузиш гузаштаанд. Бо ин, ширкати меъмории мо мекӯшад, то ин ки ба инкишоф додани сохтмони экологӣ дар Ҷумҳурии мо саҳми муҳим гузорад.

Даста

Фикрҳо метавонанд пурра ва комил бошанд, вақте меъморон, муҳандисон, муҳандисони муҳити зист ва коршиносони системаҳои муҳандисӣ якҷоя эҷодкорона аз оғози лоиҳа кору фаолият мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо, дастаи ташкилоти мо метавонанд донишу пешниҳодҳои худро дар якҷоягӣ пешниҳод кунанд ва таҷрибае аз якдигар барои худ гиранд то ин ки таҳияи лоиҳаи устувору пуррае пешкаш намоянд.

Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои мо ва кори машварат, кадрҳои баландихтисос, мутахассисон ва ҷавонони бо фикрҳову пешниходҳои ғайриоддӣ, дар идораи мо кору фаъолият мекунанд. Асоси ин пешрафт дар коргоҳи мо он мебошад, ки мо ҳамачониба кушиш менамоем то шахсони соҳибихтисос ва эҷодиро ба фаолияти худ ҷалб намоем.

Меъморони мо, инчуни таҷриба дар як қатор намудҳои биноҳо, чун манораҳои баланд, маҷмааҳои калони функсионалӣ, объектҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳо, биноҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳо ва маҷмааҳои истиқоматӣ ва дигаронро доранд. Дар давоми наонкадар солҳои тулонӣ, мо як гурӯҳи асосиеро сарҷамъ кардем, ки таҷрибаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои бунёди сохтмонҳои технологӣ ҳамто надорад.

Низми кории мо

Мо мисли дигар ширкатҳои хориҷӣ, тарафдори муносибатҳои муътадил ба тарҳрезӣ ва меъморӣ мебошем, ки аз коркарди нақшаҳои генералӣ оғоз карда то ба мебел анҷом медиҳем. Дар рафти банақшагирӣ, мо усулҳои комплексӣ ва омехтаро истифода мебарем.

Гуруҳи мо - меъморон ва муҳандисони эҷодкор дар якҷоягӣ аз аввали лоиҳа ба кор шуруъ намуда, бо фикру андешаҳои тарафайн лоиҳаҳои устувор, функсионалӣ, эстетикӣ, аз чиҳати энергетики каммасрафро, пешниҳоди муштариёни худ мекунанд.

Аз аввали коркарди нақшаҳо то анчоми он, гуруҳи коргарони мо, дар зери назорати дохилӣ, аз ҷумла идоракунии лоиҳа ва назорати сохтмон қарор мегиранд. Тамоми ҷараёни тарҳрезӣ мунтазам аз ҷониби Раёсат тафтиш карда мешавад.