Хизматрасониҳо

Меъморӣ

Ширкати мо маҷмӯи тамоми корҳои лоиҳакаширо амали мегардонад, аз ҷумла тарҳи меъморӣ ва муҳандисӣ, таҳияи тарҳи берунӣ, азнавсозӣ, новобаста аз таъиноти бино ва сохтмон ..., Инчунин хизматрасониро барои омодагӣ ва дастгирӣ дар давоми ҳамаи марҳилаҳои сохтмон пешниҳод менамояд...

Бюрои мо, лоиҳаҳои устувор, функсионалӣ, эстетикӣ ва самарабахши энергетикиро пешкаши мизоҷон мекунад. Инчунин ҳанӯз дар марҳилаи тарҳи нақша буда ва ё система барои ин ё он бино.

Дар рафти коркарди лоиҳаҳо, мо маҷмӯи усулҳои гуногунро ба назар мегирем... Меъмории мо бовари ба он дорад, ки сифати муҳити мо, таъсири мустақим ба сифати зиндагии мо дорад, хоҳ дар хона бошад, ё дар ҷои кор, биноҳои фарҳангӣ ва ё ҷамъиятӣ...

Интерер

Бюрои мо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳоро доир ба лоиҳакашии тарҳи дохилии тамоми намуди биноҳо ва утоқҳо, идоракунии лоиҳа, ҳамоҳангсозии пудратчиён дар тамоми марҳилаи корҳои таъмири, пешниҳод менамояд... Нуқтаи назари мо он аст, ки меъмор бояд шароити хуби кориро таъмин созад – чи аз берун ва чи дар дохили бино.

Оғози тахияи лоиҳа дар он аст, ки хоҳиши мизоҷро ҳамаҷониба бояд донист. Дастаи дизайнерони мо лоиҳаҳои зиёди хонаҳои шахсиву биноҳои маъмуриро таҳия кардаанд. Мо ба ҳалли тарҳи меъморӣ ва бадеии фазои дохилии бино, ба мардум (мизоҷон) кӯмак мерасонем, ки ин барои дарки эстетикӣ ва шароити мусоиди зиндагии мизоҷ нақши калонеро мебозад.

Асоси таҳияи лоиҳаҳои мо дар он аст, ки мо кӯшиш ба он мекунем, то фикрҳои бадеӣ ва мақсади беҳтар намудани шароити мавҷудияти инсонӣ дар шакли оли ба назар гирифта шавад…

Лоиҳакунии конструксияҳо

Мо инчунин хизматрасони дар масъалаи иҷрои лоиҳаҳаҳо барои истифодаи хуби конструксияи бино (тобовар ба заминларза), новобаста ба шумораи ошёна ва чигунагии иншоот пешниҳод менамоем... Ин маънои онро дорад, ки дар тарҳи муҳандисии мушаххас, металлургия, мураккаб ва дигар сохторҳои биноҳо, бо истифода аз барномаҳои ҳисоб-автоматӣ, ки дар айни замон дар Осиёи марказӣ ва ИДМ беҳтарин аст, истифода бурда мешавад ...

Мухандисони созандаи мо таҷрибаи зиёде дар соҳаҳои гуногун доранд, ки он аз лоиҳа то ба истифода додани сохтмони биноҳои кам ошёна ва биноҳои баланд, сохторҳои анъанавӣ ва геометрии мураккаб иборат аст.

Онҳо аз коркарди лоиҳаҳо то анҷоми он, бо меъморон муносибати зичи кори доранд. Дастаи муҳандисон метавонад маҷмӯи пурраи хизматрасониҳоро таъмин намоянд ва дар марҳилаҳои асоси дар раванди таҳия ҳангоми кор бо мушовирони мустақил пешниҳодхои стратегӣ пешкаш кунанд...

Инженерияи экологӣ

Тули ду сол аст, ки мо ба таҳияи лоиҳаҳо (бо хоҳиши мизоҷон) машғул буда, манбаҳои нави алтернативии энергетикиро истифода мебарем. Ташкилоти мо дорои муттахасисоне мебошад, ки дар ин соҳа дар кишварҳои пешрафти хориҷа (Руссия ва Амрико) омузонида шудаанд…

Сохтумони экологӣ (сабз) – як намуди сохтори бино мебошад, ки он ба экологияи муҳити зист, таъсири каме мерасонад. Мақсад аз он иборат аст, ки истеъмоли захираҳои энергетики, кам карда шавад ва дар муддати вуҷуд доштани бино, аз ҷумла: интихоби қитъаи лоиҳа, сохтмон, истифодабари, нигоҳдори ва ҳатто ҳангоми вайрон кардани бино, ба муҳит зараре нарасад. Хадафи дигари сохтмони сабз он аст, ки дар муҳити дохилӣ, сифат ва шароити бароҳат нигоҳ дошта шавад. Ин амал ақидаҳои камхарчкуниро, сифати баланд ва тассалоро баланд мегардонад.

Дизайни ландшафтӣ

Тарҳи манзара - ин санъат (меъморӣ, сохтмон ва муҳандисӣ) ва амал оид ба боғдорӣ ва кабудизоркунӣ мебошад...

GM and Partners Ltd. Com. – хизматрасониро оид ба тарҳи манзара (миқёси калон ва маҳалли) бо лоиҳаҳои муффасали сохтмонӣ, пешкаши мизоҷони хусусиву давлатӣ мекунад. Бо эътирофи он, ки мувафақтарин манзили зиндаги дар натиҷаи саъю кӯшишхои муштарак ба даст оварда мешаванд, таҷрибаи мо ҳадафи он аст, ки пайванде дар байни меъморӣ, инфрасохтор ва тарҳи манзара, натиҷаҳои хуби экономиву экологиро баҳри мизоҷони худ гардонад.

Дизайни саноатӣ

Дизайни саноатӣ (истеҳсолӣ, намунаи саноатӣ) як равиши дизайн ва рафти фаъолияти бадеӣ ва техникие мебошад, ки мақсади асосии ин равиш хислатҳои расмии маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла хусусиятҳо ва намуди сохтори зоҳири ва функсионалии он муайян карда шавад ... Маводҳое ки мо дар бино истифода мебарем, ба мо сифати онҳо мухиманд, ва умуман дар сохтмони бино, нақши калонеро мебозанд. Мо дар байни меъморӣ ва тарҳрези ду ҷуфти ҷудогонаеро намебинем. Аз нуқтаи назари афзалиятнок, ҳар як маводҳои сохтмон дар муҳит мавқеи хоси худро дорад.

Дастаи мо омода аст, ки дизайни саноатӣ барои рушди ҳамаи равишхо - аз дастаи дар то ба мебел, аз қалам то ба утоки тайёра, аз кран то ба ороиши мошинҳо пешниҳоди мизочони худ кунад...

Амсиласози

Макет – сохти обект дар шакли хурд ва ё дар шакли пурра, вале аз функсияҳои дорояш бекор карда шуда мебошад. Он дар ҳолатҳои истифода бурда мешавад, ки пешниҳоди обекти аслӣ, гарон, ғайриимкон ва ё иҷронашаванда аст... Макетҳо (қисмҳо) дар кишварҳои хориҷа дар маркази раванди коркарди дизайн ҷойгиранд. Истифодаи он ба муштарӣ имконият медиҳад, ки тасаввурот оид ба лоиҳа умуман ва қисман пайдо шавад. Ин роҳи аз ҳама самаранок барои муаррифии лоиҳаи худ пеш аз сохтмон мебошад...

Аз ҳамин сабаб, мо кӯшиш ба харҷ мебарем, то ин навъи хизматрасониро эҳё диҳем ва омода барои ҳамкориҳо хастем...

3D визуализатсия

Дастаи мо, ки ба ВИЗУАЛИЗАТСИЯ машғуланд, ғояҳои худро ба воқеият табдил дода тасвирҳое эҷод мекунанд, ки ба мизоҷон барои ҳалу фасл ва фаҳмидани лоиҳа дар марҳилаи хеле барвақт, кумаки калоне мерасонад. Визуализатсияҳои шавқовар ва дақиқ,сабабгори пешрафти як қатор шунавандагон ва инчунин воситаи хуб ва боварибахш дар фуруш ба шумор меравад. Ҳамкорӣ бо тамоми дастаи дизайнерон, кафолат медиҳад, ки ғояҳо бо тасвирҳои бой ва атмосфераи гарм, имкон медиҳад, то тамошобинон сафари зинда дар дили лоиҳа намоянд.

Гурӯҳи визуализатсияи мо – тарҳрезиҳои дараҷаи баландеро эҷод карда, худро хело хуб муарифи кардааст. Доираи васеи маҳоратҳо маънои онро дорад, ки даста метавонад тарҳрезиҳои боварибахш ва саҳмгин новобаста ба чигунагии лоиҳа ва макони он, пешниҳод намояд. Дар портфолиои мо иншоотҳои гуногуне пешкаш шудаанд. Новобаста аз он , ки ин иншоот манораи баланде, ки шабона тобон аст ва ё шакли зоҳирии мағоза аст, даста метавонад ба он контекст ва маънои калонеро диҳад.

ПЕШНИҲОДҲОИ ТО-ЛОИҲАКАШӢ

Пешниҳодҳои то лоиҳасозӣ (лоиҳаи тарҳрезӣ) дар масъалаи ҷойгир намудани иншоот иборат аз марҳилаҳои зерин аст: муайян кардани ҷойгиршавии иншоот дар минтақа, муайян кардани асоси қисмҳои нақшаи кардашуда, муайян кардани нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ, муайяни тамоюли объект, таъсири инсолятсия ва равшани, таҳлили манзаравӣ, илмву таърихӣ ва меъморӣ, барои ҳифзи анъанаҳо ва муҳити зист.


Дар рафти коркард, мо ҳамаҷониба аҳамияти ҷиддиву маҷмӯи ба лоиҳа равон мекунем.


Розигии пешниҳоди то лоиҳасозӣ (лоиҳаи дизайн) - яке аз марҳилаҳои асосии тарҳи буда, ба ташаккулдиҳии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои пеш аз лоиҳа (барои бақайдгирии санади иҷозат истифодаи замин, гирифтани сертификати барои ҳуқуқи истифодаи замин, вазифаҳои меъморӣ ва банақшагирӣ), заруранд...

ЛОИҲАКАШИ ГЕНЕРАЛӢ

Ба вазифаҳои лоиҳакаши генералӣ, коркарди лоиҳа дар ҳама раванди лоиҳакашӣ ва инчунин назорати муалифӣ дохил мешаванд...


Дар гузаронидани ин функсия, ширкати мо уҳдадориҳоро барои тамоми маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳа ва тасдиқи он дар мақомоти назорат ва экспертизаи давлатӣ ба ӯҳдаи худ мегирад...

НАЗОРАТИ МУАЛЛИФӢ

Яке аз намуди, хизматрасониҳои мо, назорати муалифи лоиҳа ва дигар таҳиягарони он (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) дар болои сохтмон он аст, ки таъмини риояи қарорҳое, ки дар лоиҳаи корӣ нишон дода шудааст, иҷрои корҳои сохтмонӣ аз руи он иҷро карда шавад... Дар ҳолате, ки назорат аз ҷониби муалиф бурда мешавад, мо кафолат ба он медиҳем, ки корхои сохтмонӣ, пурра тибқи ҳуҷҷатҳои корӣ иҷро карда мешаванд. Коршиносон дар ҳамаи марҳилаҳои корҳои сохтмонӣ, мутобиқи нақашаҳои кардашуда ҳозир ба сохтмон мешаванд.


Сифати корҳо ва умуман бинову маводҳои сохтмонии истифодабурдашуда, зери назорат карор дода мешавад. Инчунин, иҷрои қарорҳои тарҳрезӣ ва муҳандисӣ низ аз ҷониби муаллиф бе назорат гузошта намешавад...