Маркази матбуотӣ

26-ми июли соли 2020, 13:24

ЗАВОДИ ИСТЕҲСОЛИ ОБИ "СИЁМА"

Лоихаи кории Сохтмони корхонаи бунёди истехсоли оби нушоки СИЁМА вокеъ дар кисмати шаркии буриши хиёбони Х.Шерози бо кучаи Карамов, нохияи Исмоили Сомони шахри Душанбе, дар асоси Карори Раиси шахри Душанбе тахти раками 379 аз 26 майи соли 2018 шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии замин аз 2 августи соли 2018 тахти раками 2442 раками кадастри 66-009-000423, маълумоти “ГМ ва ПАРТНЁР” аз соли 2018, супориши барои лоихакаши, ки аз тарафи Фармоишгар пешниход гардидааст тахия шудааст. Бинохои тахяшаванда аз 2 (ду) ошена ва 5 (панч) блок иборат буда, блокхо (A.B.C) хамрохчаспидашуда ва блокхои (D.E) алохида тахия шудааст, дар Дар муайян намудани тимсоли бинои тахияшаванда, истифодаи меъмори муосир бо кабули масолехи сохтмони муосир тахия шудааст. Дар асоси гуфтахои дар боло зикр гардида, номаи бинои тахияшаванда бо ёрии ойнабандихои калон ва панелхои сендвичи ороиш гирифтааст.
20-ми июли соли 2020, 13:50

АГЕНТИИ ИДОРАКУНИИ БАРОИ БЕХАТАРИИ НУТК ВА РАДИО

Лоиҳаи кории "Сохтмони бинои маъмурии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Б. Ғафурови шаҳри Бостон" дар асоси қарори шаҳрдори Бостон № 345 аз 19 октябри соли 2017 Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин А 80089935 бо рақами 2745, маълумот дар бораи таҳқиқоти муҳандисӣ дар бораи шароити геологии таҳия ва нақшаҳои ҷории топографии акс, ки аз соли 2019 ҶДММ СуғдГИНТИЗ дода шудааст, супориши лоиҳа аз ҷониби фармоишгар дода шудааст. , Бинои сохташаванда одатан аз 2 (ду) ошёна иборат аст ва дар дохили бино биноҳои маъмурӣ ва ёрӣ қисман ба 2 (ду) ошёна (бо таҳхона) тақсим карда мешаванд. Ҳангоми муайян намудани тасвири бинои сохташаванда, истифодаи меъмории муосир бо истифода аз маводи муосири сохтмон таҳия карда шуд. Дар асоси гуфтаҳои боло, фасадни бино бо оинаҳои калон ва гили хушсифати травертин оро дода шудааст. Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми қабули қарор, яъне ҳангоми муайян кардани тарроҳӣ ва тарроҳии бино ғояҳои Мизоҷ ва Шӯрои меъморон (хусусан Саридораи Бостон) низ ба назар гирифта шуданд. Дар нақша, бинои таҳияшуда шакли росткунҷа дорад. Андозаи бинои 1 - 4 13.00 метр дар сутунҳои 1 ва 17.00 метр дар сутунҳои A - E. Баландии таҳхона аз ошёна то 3,20 метр аст. Баландии ошёнаи якум аз ошёна то 3,30 метр аст. Қабати дуюм баландии 3,30 метр аст. Баландии умумии бинои "Сохтмони бинои маъмурии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Б. Ғафуров, шаҳри Бустон" 8300 метрро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа, 4 (чор) озмоишгоҳ, ҳоҷатхона ва коридор дар қабати таҳхона ҷойгир карда мешаванд. Дар ошёнаи якум 4 (чор) дафтар, толори даромадгоҳ, қабулгоҳ, офиси директор, хонаи истироҳатӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, ҳуҷраи корӣ мавҷуданд. Дар ошёнаи дуввум 2 (ду) толори маҷлис, ошхона, ошхона, ҳоҷатхона ва долон мавҷуданд. Ороиши дохилӣ: Деворҳои биноҳои маъмурӣ аз гили аълосифат ва пас аз он ранг бо эмульсияи обӣ бо илова намудани PVA кӯмак карда мешаванд. Девори асосии бино гипсаи аълосифат бо рангубори минбаъда бо эмулсити обӣ бо илова намудани PVA мебошад. Шифт - шифти овезон аз гипсокартон ва дар ҳолати зарурӣ пластикӣ. Боигарии беруна Деворҳо аз гили баландсифати травертин бо рангҳои гуногун сохта шудаанд. Таҳкурсӣ, қадамҳои пеши дари даромадгоҳ - плитаи такмилёфта бо плитаҳои сафолии минбаъда.
18-ми апрели соли 2020, 12:41

Mачмааи "CТЕЛЛА ДАНГАРА"

шахри ДАНГАРА - дар кисмати чанубу-гарби Чумхурии Точикистон чойгир буда, тарихи кадимро доро мебошад. Иктисоди Дангара асосан аз се намуд иборат буда, онхо: -кишоварзи, -саноат ва энергия мебошанд. Муфассал изох дихем, дар сохаи кишоварзи бо пахтакори, кишти галлаю-дона, богдори, ангурпарвари, замбурпарвари ва гайра машгул аст. Дар сохаи саноат завод ва корхонахои сeмeнтбарори, коркарди чарм, шагалу-кум, хишт, коркарди пахта, орду-нон, фабрикахои дузандаги ва гайра мебошад. Дар охир сохаи энергетика бошад, минтака дорои НБО буда, баьди истиклолият низ сохтмони як катор НБО ба охир расида мавриди истифода карор дорад, ки нисбати дигар минтакахои Чумхурии Точикистон пешрафта мебошад. Иловатан минтака, захираи бузурги энегияи шамол ва офтобро бар худ мегирад. Дар асоси гуфтахои боло, фалсафа лоихаи мо аз се манарои рамзи, ки ин се самти иктисодии шахри ДАНГАРАро ифода мекунад, иборат аст. Манораи зард - рамзи кишоварзи манораи сурх - рамзи саноат манораи кабуд - бошад рамзи энергияро ифода карда дар мачмуьи кувваи яклухтро чамбаст менамояд. Хамаи масолеххои сохтмони, ки барои ин мачмаа истифода бурда мешавад, дар худи шахри ДАНГАРА истехсол карда мешавад. Яке аз беҳбудии ин лоиха аз он иборат аст, ки дар манораи кабуд - рамзи энергия пешбини намудани панелхои офтоби ва генераторхои шамоли мебошад. Бо ин усул мо мачмааро пурра бо барку-энергия таъмин намуда, иловатан ЯК КИСМИ онра ба дигар иншоот истеxроч намоем.
17-ми апрели соли 2020, 21:43

РАМЗИ ИСТИКЛОЛ ВА ОЗОДИ «АЛМОСИ ТОЧИК»

«АЛМОСИ ТОЧИК» Истиклолият ва Озоди чист? Ин аз хама кимматтарин, бебахо неъмат аст, ки ба хама хамчун хаво ва об зарур мебошад. Ва мо бояд ин неъмати бузургро хамчун гахвараки чашм нигох дорем. Барои устувори ва мустахкамии он хама вакт кушиш ба харч намудан даркор аст. Барои ифодаи ин боги ва мачмааи меъмории рамзи «Истиклолият ва Озоди» - кимматтарин, мустахкамтарин ва хушруйтарин санги нодири АЛМОС-ро ба асоси фалсафаи лоихаи худ гирифтаем. Инчунин ба даст овардани ин санги нодир нихоят мушкил мебошад ва Истиклолият ва Озодии мо низ хамаи мо медонем ба кадом мушкили ва кадом нарх ба дасти точикистониён омадаст. Дар асоси гуфтахои боло, хачми меъмории рамзи «Истиклолият ва Озоди» тимсоли санги АЛМОС-ро дорад. Баландии РАМЗ – 210 метр-ро ташкил кардааст, ки бе асос намебошад. Агар ба намуди зохирии рамз нигох намоем, он аз як чанд сатххои гуногун иборат аст. Ин сатххо низ фалсафа ё ишора, арзишхои таърихию фарханги ва гузаштахои миллатро дар бари худ мегирад. Сатхи якуми мачмааи меъмории рамзи «Истиклолият ва Озоди» мувофики лоиха, бо баландии 10 метр иборад буда, ба акидаи мо он ифодаи тахкурсии асоси давлати точикон, ки дар замони Сомониён рехта шуда, ишораи замони Сомониён, рукнхои давлатдори ва таърихи он мебошад. Бо ин мо гуфтанием, ки дар хамон замон онхо тахкурсии мустахкам ва бардавомро барои точикони оянда гузоштааст… Сатхи дуюм бошад, бо андозаи 5 метр тахия шуда, аввалин панч соли мушкилтарин рузхои давлати нави Точикистонро, ки баъди ба даст овардани истиклолият руй додааст, ифода мекунад. Инчунин он дуюм бор эхё ва аз нав ташаккул намудани тахкурсии давлат ифода шудааст. Чунки дар ин солхои дарчгардида як чанд руйдод ва корхои бузургу дакик ба амал оварда шудааст, ки он боиси хамаи дастовардхои имруза гашт. Сатхи сеюм - 35 метр кабул гардида, он ишора ба то имруза, яъне 30 соли Истиклолияти давлат аст, ки сол ба сол, мох ба мох, руз ба руз ривоч ёфта, пеш рафта истодааст, мебошад. Дар Рамз ин гуфтахои зикршуда, хамчун конструксия ё сутунхои пуркувват ва мустахкам сохта шуда истодааст, ки ин ба наслхои оянда платформа ё майдон барои абадий гардонидани давлати Точикистон хизмат намояд. Сатхи чоруми мачмаа – 90 метр пешбини шуда, ифодаи босуръат ривоч ёфтани давлат ва мардуми он, тинчу осуда шудани давлат дар оянда мебошад. Мувофики лоиха иловатан ин конструксия тимсоли шукуфтани давлат низ буда, дар вактхои гуногун ва дар вакти зарури хамчун гул кушода ва махкам шуда метавонад. Сатхи панчуми он бо баландии 10 метр тахияшуда, хамчун нигини давлат ифода карда шудааст. Сатхи шашум – 30 метрро ташкил карда, ишора ба пешравии давлат, устувори ва абалкудратии он карда шудааст. Охирон сатхи хафтум – нишонаи нури Точикистон, истифода ва офаридани технологияхои нав ва як хел кадам задани он ба оянда мебошад. Ва дар умум РАМЗ ифодагари хар як даврахои гуногун, ки аз даврони бустони то Сомониён ва аз он то расидан ба Истиклолияти давлат ва Озодии комил, дар охир бошад бардавом ва абадий будани ин давлати кадиму-куханбунёд, шикастнопазир, тавоно мебошад. Инчунин БОГИ дар гирди рамз ташкил шудааст – ифодаи фархангсолори, таърихнигори, мардумсолори, инсондусти ва химматбаландии ин миллати мехмоннавозро тасвир мекунад. Бо лоиха дар пахлуи ин мачмааи меъмори майдони деворанигораи мухташами бо номи «Нигористон» бо сахнаи мутаносиб пешбини гардидааст. Ин деворанигора бо сангхои табии ороишии Сугду Хатлон ва Бадахшон ороиш ёфтааст. Акнун агар ба боги ин мачмаа эътибор дихем, рохи бо шакли овал тахияшударо мебинем. Ин рох мувофики таъинот – барои харакати мардум ва техника дар вакти баргузории тантанахои расмии давлати истифода мешавад, пешбини шудааст. Иловатан он ифодаи хачми чашм буда, дар маркази он алмоси точик, хамчун гахвараки ин чашм тахия шудааст. Чорта рохи иловагии, ки аз чор самти бог ба марказ омада, рохи овалиро убур карда истодааст, нишонаи аз чор вилоят иборат будани Точикистонро ифода намуда, барчамъии давлат ва мустахкамии онро нишон медихад. Консультантхо (Мушовирон) РАЧАБОВ У. Н. . ПИРИМКУЛОВ Э. М. Ичрокунанда, компьютери ороиши ЮСУФЗОДА Х. Ф. Сармеъмори лоиха (муаллиф) АНОРОВ Г. С.
30-ми марти соли 2020, 17:26

Боғчаи кӯдаконаи «РОМАШКА»

Боғчаи кӯдаконаи «РОМАШКА» дар маҳаллаи 84 шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Тибқӣ нақшаи генералии шаҳри Душанбе қитъаи мазкур дар ҳалқаи дуюми қисми ҷанубу-шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии ҳудуд 0,46 га мебошад. Дар ҳудуди бинои лоиҳавӣ боғчаи кӯдакона ҷойгир шудааст. Ҳалли лоиҳавии бино аз ҷиҳати ҳаҷм ва тарҳ ҳамчун гули «бобуна» қабул карда шудааст. Агар ба баргҳои гул нигаред, дар он гурӯҳҳо, маъмурият ва хонаҷойи хӯрокхӯрӣ ҷойгир шудаанд. Дар маркази он хонаҷойҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст. Дар таҳхонаи бино ҳавз бо хонаҷойҳои лозима, анборхона ва хонаҷойи техникӣ лоиҳакашӣ шудааст. Ҳамчунин дар ҳудуди боғчаи кӯдакона майдони истироҳатӣ ва бозии кӯдакон, ҳамчунин ҳавз барои оббозӣ дар фасли тобистон лоиҳакашӣ шудааст. Меъмории бино бо усули хай- тек бо истифода бурдани рангҳои равшан, ки барои боғчаи кӯдакон ва ясли хос мебошад, лоиҳакашӣ шудааст.
29-ми марти соли 2020, 17:59

Қитъаи истироҳатии «Малика»

Қитъаи истироҳатии Ғусгарф - маҷмааи фарҳанги-маърифатноки ва махсусгардонида шуда мебошад, ки барои истироҳати кӯтоҳмуддати хоҳишмандон нигаронида шудааст. Ҳудуди мазкур дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар километри 21 ҷойгир шудааст. Қитъаи мазкур аз ҷиҳати географӣ бисёр ҷойи қулай аст. Дар қисми шарқии он дарёчаи Варзоб ва аз тарафи ғарбии он доманакӯҳҳо бо дарахтони гуногуни бо ҳамдигар зич ҷойгир шудаанд. Дар маҳаллаи мазкур дигар чунин қитъаи махсус бо сатҳи баланди хизматрасонӣ нест. Тибқи лоиҳа дар ҳудуди мазкур якчанд бино ва иншоотҳои алоҳида ҷойгир шуда, лоиҳакашӣ шудааст. Тамоми бино ва иншоотҳои пешбинишуда қисми ҷудо нашавандаи маҷмааи мазкур буда, дар онҳо биноҳои ошхона, меҳмонхона барои 50 ҷой, хобгоҳҳои алоҳидаи сатҳашон гуногун, толорҳо барои гузаронидани конференсияҳо, шипангҳо барои гузаронидани чорабиниҳои маъдани- маишӣ, майдонҳои гуногун аз он ҷумла майдони кӯдакон пешбинӣ шудааст. Иморатҳо асосан дуошёна бо таҳхонаҳо мебошанд. Ҳамчунин биноҳои чорошёна, вобаста аз ҷойгиршавии маҳал интихоб карда шудаанд. Биноҳо бо усули асри миёна меъморӣ карда шудаанд. Масолеҳи сохтмони вобаста аз анъанаҳои маҳалли ва захираҳо қабул карда шудаанд.
29-ми марти соли 2020, 16:12

Меҳмохонаи “KARONPALACE”

Меҳмонхонаи “KARONPALACE” дар маркази ноҳияи Дарвоз Вилояти Худмухтори Бадахшон ҷойгир шудааст. Лоиҳаи мазкур бо супориши намояндагони ширкати ҶСШК «STAR PALAS HTL», иҷро карда шудааст. Тибқи лоиҳа бино аз панҷ ошёна иборат аст. Ҳар як ошёна мувофиқи фаъолияташ лоиҳакашӣ карда шудааст. Таҳхона ҳамчун анборхона, ошёнаи техникӣ ва хизматрасонӣ бо хонаҷойи коргарон лоиҳакашӣ шудааст. Дар ошёнаи якӯм хонаҷойи посбонии (ресепшни) дусатҳа, қаҳвахона, тарабхонаи хурд бо ошхона, толори конференс ва маъмурият ҷойгир карда шудааст. Аз ошёнаи дуюм то панҷӯм ҳуҷраҳои меҳмонхонаи сатҳашон гуногун ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин як ҳуҷра барои президент ҳаст. Дар боми бино майдони универсиалӣ барои гузаронидани ҳар гунна чорабиниҳо ва маҷлисҳо бо пештоқи бар пешбинӣ шудааст. Меъмори, яъне ҳаҷми бино бо усули муосири Hi-Tech бо истифода бурдани унсурҳои миллӣ, ки барои ноҳияи моён ва Ҷумҳури хос мебошад, ба инобат гирифта шудааст. Ин гуна меъмориро мутахассисони мо вобаста аз маҳал ва ҳолат интихоб намудаанд. Бояд қайд намуд, ки дар наздикии ин бино бинои дигар сохта шуда истодааст, ки аз тарафи бюрои меъмории моён лоиҳакашӣ шудааст.
29-ми марти соли 2020, 16:08

Супермаркет «Ёвар»

Супермаркети «Ёвар» - ин бозори калони махсусгардонида шудаи болояш пӯшида дар шаҳри Душанбе буда, аз рӯи андозааш ба меъёр ва қоидаҳо мувофиқ на танҳо дар Ҷумҳурии мо мебошад. Лоиҳаи кории мазкур ин давоми маҷмааи масолеҳи гӯшти мебошад, ки соли 2012 аз тарафи бюрои мо лоиҳакашӣ шуда буд. Ҳудуди мазкур то кашидани лоиҳаи он майдони партовпартои буд. Тибқи нақшаи генералӣ бозори мазкур дар қисми марказии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дар масофаи на он қадар дур аз бинои мазкур, бинои Прокуратураи Генералӣ, маҷмааи фароғатии «Наврӯзгоҳ», қасри Президент бо биноҳои хизматрасонӣ, маҷмааи истироҳатӣ ва гузаронидани чорабиниҳои дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар масофаи муайян аз ҳудуди мазкур сохтмони бинои истиқоматии боҳашамат бо маркази савдо ва хизматрасонӣ идома дорад. Ҳамчунин дар маҳаллаи мазкур чунин биноҳои таъиноти махсус дошта вуҷуд надоранд. Назди мутахассисони мо вазифа гузошта шуда буд, ки як маҷмааи махсус таҳия намоянд. Тибқи лоиҳаи мазкур бозор аз як блоки алоҳида иборат мебошад. Бинои мазкур бо ёрии конструксияи фазоии ҳаҷмаш калон пӯшонида шудааст.
29-ми марти соли 2020, 15:50

Маркази савдо – хизматрасонии “XITOY”

Маркази савдо – хизматрасонии “XITOY” дар маркази қишлоқи Хитой, ноҳияи Ҷ. Расулов, вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Назди бинои лоиҳавӣ дигар бино ва иншоотҳои таъиноти хизматрасонӣ ҷойгир мебошад. Мувофиқи нақшаи генералӣ қитъаи сохтмони мазкур қитъаи маъмурию хоҷагӣ мебошад. Дар наздики ҳудуд бояд дигар биноҳои иҷтимоию-хизматрасонӣ сохта шавад. Бинои мазкур дуошёна бо таҳхона. Бино дар услуби минимализм таҳия шудааст. Мувофиқи лоиҳа дар таҳхона бар бо мизҳои нишаст, толори саққобози бо ҷойҳои дамгирӣ, анборхона. Дар ошёнаи якум толори хурокхури бо ошхона, ду адад мағозаи таиноти гуногун, роҳрав ва зинапоя. Дар ошёнаи дуюм бошад сехи дузандагӣ, толори ҳусн, дорухона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ ҷойгир мебошад…
29-ми марти соли 2020, 14:11

УМУРИ ДОХИЛИИ ГУРӮҲИ АВЕСТО

То ороиш додани иншооти лоиҳавӣ тамоми хонаҷойҳо таъмир нагардида будаанд. Тибқи супориши фармоишгар мо бояд фазои кориро ҷавобгуе ба ҳамаи стандартҳо ва таъинот таҳия намоем. Бино ба наздики сохта шуда, сохтмони нав мебошад. Утоқҳо бо усули хай-теки минималӣ бо истифодабарии масолеҳҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва баландсифат, ҳамчунин мебел ва дастгоҳҳо оро дода мешавад. Умуман дохили бино бо интихоб намудан ва ҷойгир кардани мебелҳо ва дастгоҳҳо оро дода мешавад.
29-ми марти соли 2020, 13:13

ШАҲРАКИ НАВБУНЁДИ «25 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН» II

Шаҳрак дар ноҳияи истиқоматии №12 дар қисмати ғарбии шаҳри Душанбе ҷойгир буда мутобиқ ба Нақшаи генералӣ рақами тартибии он 122-123 мебошад. Сарҳадҳои ноҳияи маскунӣ: дар шимол – канали калони Ҳисор, дар шарқ – роҳи лоиҳавии хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҷануб – шоҳроҳи автомобилии Шарқу-Ғарб (лоиҳавӣ) ва шоҳроҳи оҳани Ваҳдат-Пахтаобод, дар ғарб – гардишроҳи автомобилии Ғарбӣ Ҷанубӣ (лоиҳавӣ). Масоҳати ноҳияи истиқоматӣ тақрибан 124,50 га буда, аз ҳудуди ноҳияи истиқоматӣ канали калони Ҳисор ва канали Говкуш мегузарад. Асоси лоиҳаи, ки пешниҳод шуда истодааст фалсафаи худро дорад. Яъне ҳалли меъморию ҳаҷмии шаҳрак дар асоси таъинот ва идеологияи маълум ва маъмулӣ ба вуҷуд омадааст. Дар асоси ин гуфтаҳо мутахассисон дар ҳалли меъморию-ҳаҷмии фазоӣ маҷмаа – аз сохтмони миллии халқӣ эҳё гирифта, онро ҳамчун асоси фалсафаи лоиҳаи худ қабул кардаанд. Агар ба намои зоҳирии маҷмаа нигарем, сохтмонҳои периметрӣ бо ҳавлии дохила баръало маълум мегардад. Қабули ин гуна ғоя бо омухтани сохтмонҳои давраҳои гузашта сабаб гардид. Чи таври, ки аз таърих ба ҳама маълум аст – дар ҳудуди Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Миёна сохтмони периметрӣ бо ҳавлии дохила – яке аз принципҳои сохтмони халқии миллии мардуми тоҷик ва осиёи миёна мебошад. Ин гуна принсипи сохтмон аз асрҳои қадим то айни замон вуҷуд дорад ва машҳуру маъмул мебошад. Дар мисол сохтмонҳои шаҳрҳои қадими форсу-тоҷик, мисли Хуҷанд, Истаравшан, Самарқанд, Бухоро Хива, Хулбук, Панҷакент, Зарафшон ва ғайраро овардан мумкин мебошад. Дар лоиҳа шарту-шароитҳои иқлими Тоҷикистон, алалхусус шаҳри Душанбе ба назар гирифта, айнан ин гуна ҷойгиронии биноҳо дар асоси иқлим (климат) ба миён омадааст. Бо ин усул мутахассисони мо ҳар як биноро бо рушнои табииӣ, инсолятсия, шамолдиҳӣ ва ғайра, ки барои офаридани микроклимат зарур аст, таъмин намудааст. Беш аз ҳама бо ҷойгиронии блокҳои алоҳида меъёрҳои зиддисухторӣ пурро риоя мегардад. Дар лоиҳа ҳолати маҳал низ пурра ба назар гирифта шуда, релефи ҷойи интихобшуда низ максаднок истифода шудааст. Ин яке аз омилҳои паст намудани хароҷоти сохтмони маҷмааи мазкур мебошад.
29-ми марти соли 2020, 12:44

Ба мо лоиҳакашӣ ва сохтмони маркази Hyundai Душанбе супурда шуд

HYUNDAI CENTER DUSHANBE – тибқи нақшаи генералӣ иншооти лоиҳавӣ дар қисми ҷанубии шаҳри Душанбе, ҷойгир шудааст. Ҳудуди мазкур асосан минтақаи истеҳсоли - саноатӣ ҳисоб меёбад ва дар он ҷой бисёр биноҳои савдо, хизматрасонӣ, истеҳсолӣ-саноатӣ ва ғайра ҷойгир шудаанд. Бинои мазкур чунин лоиҳакашӣ шудааст, ки иншооти мазкур бехатар, бароҳат, бошукӯҳ ва бисёр соҳавӣ бошад, ки ин талаботи соҳаи индустрияи автомобили мебошад. Бояд ёдовар шавам, ки бюрои мо қаблан лоиҳаи TOYOTA CENTER DUSHANBE - ро таҳия намуда буд. Фарқият байни ин биноҳо ғайр аз шакли он, ҳаҷми сохтмон мебошад. Бинои мазкур тахминан ду маротиба калонтар аз ТОЙОТА мебошад. Мо бояд қайд намоем, ки дар лоиҳа тамоми талаботҳо ва стандартҳои консерни автомобилии HYUNDAI ба монанди ТОЙОТА ба ҳисоб гирифта шудааст. Тибқӣ лоиҳа иншоот ба чаҳор минтақаи фаъолиятӣ ҷудо карда шудааст. Минтақаи якӯм минтақаи савдо - намоишӣ барои намоиш ва фурӯши автомобилҳои тамғаи HYUNDAI аст. Минтақаи дуюм ҳамчун минтақаи хизматрасонии техникии автомобилҳои тамғаи HYUNDAI - лоиҳакашӣ шудааст. Минтақаи сеюм ҳамчун бинои маъмурӣ ва анборхона барои хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҷобаҷо гузории қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳо лоиҳакашӣ шудааст. Минтақаи чаҳорӯм - шустушӯйи мошинҳо аст.
29-ми марти соли 2020, 12:39

АКВАПАРК «КАТРА»

ҳудуди Аквапарки «ҚАТРА» дар тарафи ҷанубу-ғарби шаҳри Душанбе, воқеъ дар кучаи Сохили, дар шафати дарёи Душанбе ҷойгир шудааст. Меъмории бино аз нуқтаи назари маҳал ва ҳудуди замин интихоб шудааст. Ҳаҷми он низ аз назари таъиноти бино ҳал карда шудааст. Умуман ҳаҷми бинои таҳияшаванда чоркунҷаи оддиро доро аст, ки барои арзоншавии ва таъиноти он мебошад. Намои он бо ҳалқаҳои намуди қатра-ҳубобча ороиш карда шудааст. Ва чантаи онҳо бо нақшҳои миллӣ пур карда шудааст. Дар нақша низ бино шакли росткунҷаро доро аст. Консруксияи бино дар маҷмӯъ аз структураҳои фазои оҳанин мебошад, ки барои пушонидани констуксияҳои калонҳаҷм мувофиқ аст.
28-ми марти соли 2020, 18:28

ШАҲРАКИ НАВБУНЁДИ «ҶАВОНОН»

Шаҳрак дар ноҳияи истиқоматии №22 дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, мутобиқ ба Нақшаи генералӣ рақами тартибии он 223-224 мебошад. Сарҳадҳои ноҳияи истиқоматӣ: дар шимол – кӯчаи Абулқосим Фирдавсӣ (лоиҳавӣ), дар шарқ – кӯчаи маҳаллӣ (лоиҳавӣ), дар ҷануб – гардишроҳи Ҷанубӣ (лоиҳавӣ), дар ғарб – шоҳроҳи автомобилии А. Қаҳҳоров (мавҷуда лоиҳавӣ) мебошад. Асоси лоиҳаи, ки пешниҳод шуда истодааст фалсафаи худро дорад. Яъне ҳалли меъморию ҳаҷмии шаҳрак дар асоси таъинот ва идеологияи маълум ва маъмулӣ ба вуҷуд омадааст. Дар асоси ин гуфтаҳо мутахассисон дар ҳалли меъморию-ҳаҷмии фазоӣ маҷмаа – аз сохтмони миллии халқӣ эҳё гирифта, онро ҳамчун асоси фалсафаи лоиҳаи худ қабул кардаанд. Агар ба намои зоҳирии маҷмаа нигарем, сохтмонҳои периметрӣ бо ҳавлии дохила баръало маълум мегардад. Қабули ин гуна ғоя бо омухтани сохтмонҳои давраҳои гузашта сабаб гардид. Чи таври, ки аз таърих ба ҳама маълум аст – дар ҳудуди Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Миёна сохтмони периметрӣ бо ҳавлии дохила – яке аз принципҳои сохтмони халқии миллии мардуми тоҷик ва осиёи миёна мебошад. Ин гуна принсипи сохтмон аз асрҳои қадим то айни замон вуҷуд дорад ва машҳуру маъмул мебошад. Дар мисол сохтмонҳои шаҳрҳои қадими форсу-тоҷик, мисли Хуҷанд, Истаравшан, Самарқанд, Бухоро Хива, Хулбук, Панҷакент, Зарафшон ва ғайраро овардан мумкин мебошад. Дар лоиҳа шарту-шароитҳои иқлими Тоҷикистон, алалхусус шаҳри Душанбе ба назар гирифта, айнан ин гуна ҷойгиронии биноҳо дар асоси иқлим (климат) ба миён омадааст. Бо ин усул мутахассисони мо ҳар як биноро бо рушнои табииӣ, инсолятсия, шамолдиҳӣ ва ғайра, ки барои офаридани микроклимат зарур аст, таъмин намудааст. Беш аз ҳама бо ҷойгиронии блокҳои алоҳида меъёрҳои зиддисухторӣ пурро риоя мегардад. Дар лоиҳа ҳолати маҳал низ пурра ба назар гирифта шуда, релефи ҷойи интихобшуда низ максаднок истифода шудааст. Ин яке аз омилҳои паст намудани хароҷоти сохтмони маҷмааи мазкур мебошад.
28-ми марти соли 2020, 18:11

«МАҶМААИ ВАРЗИШИИ «ТОҶ АРЕНА»

Дар таҳияи лоиҳаи варзишгоҳи мазкур мутахассисон фикру ғояҳои худро ба супориши техникӣ ва таъиноти маҷмаа равона карданд. Асоси лоиҳа, ки пешниҳод шуда истодааст, фалсафаи худро дорад. Яъне ҳалли меъморию ҳаҷмии варзишгоҳ дар асоси таъинот ва идеологияи маълум ва маъмули ба вуҷуд омадааст. Дар асоси ин гуфтаҳо мутахассисон дар ҳалли меъморию-ҳаҷмии фазоӣ варзишгоҳ – симои ОФТОБПАРАСТ-ро ҳамчун асоси фалсафаи лоиҳаи худ қабул кардаанд. Агар ба намои зоҳирии варзишгоҳ нигарем, офтобпарасти шукуфта баръало маълум мегардад. Ба ҳама маълум, ки шаҳри Душанбе ва умуман Ҷумҳурии Тоҷикистонро – диёри ОФТОБӢ ном мебаранд. Бесабаб нест, ки дар бисёр ҳолатҳо «Душанбе – шаҳри офтобӣ», «Тоҷикистон – диёри офтобӣ» аз назари ҷаҳониён ва махсусан меҳмонҳое, ки боре ба пойтахтамон ва ба давлатамон ташриф овардаанд, шинохта ва ном бурда мешавад. Дар ин асос ҳаҷм ва меъмории маҷмааи варзишгоҳ ба миён омадааст. Дар лоиҳа ҳолати маҳал пурра ба назар гирифта шуда, релефи ҷойи интихобшуда низ максаднок истифода шудааст. Ин яке аз омилҳои паст намудани хароҳоти сохтмони маҷмааи мазкур мебошад. Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ бинои таваққуфгоҳи шаш ошёна, ҳавзи шиноварӣ, корти теннис, бинои маъмурию хизматрасонӣ бо меҳмонхона, майдончаҳои варзишии гуногун бо ободони ҳудуд низ пешбинӣ гардидааст. Варзишгоҳи таҳияшаванда дар худ ҳамаи талаботу технологияҳо ва системаҳои муосиру пешрафтаро таҷассум менамояд. Дар лоиҳа талаботҳои ташкилотҳои байналхалқии – ФИФА низ ба назар гирифта шуда, истифодаи таҷҳизотҳои аз ҷиҳати энергияю барқ каммасраф низ пешбинӣ карда шудааст. Ба ғайр аз ин фикру мулоҳизаҳои мутахассисони Федератсияи Футболи Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шудааст.
28-ми марти соли 2020, 17:37

МАҶМААИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ «МЕҲРИ МОДАР»

Дар таҳия намудани лоиҳаи мазкур, мутахассисон фикру ғояҳои худро ба шарту-супориш ва таъиноти маҷмаа равона карданд. Асоси лоиҳа, ки пешниҳод шуда истодааст фалсафаи худро дорад. Яъне ҳалли меъморию ҳаҷмии маҷмаа дар асоси таъинот ва идеологияи маълум ва маъмулӣ ба вуҷуд омадааст. Дар асоси ин гуфтаҳо мутахассисон дар ҳалли меъморию-ҳаҷмии фазоӣ маҷмаа – аз сохтмони миллии халқӣ ва ҳаҷмҳои (кубикчаҳои) бозии кудакон эҳё гирифта, онро ҳамчун асоси фалсафаи лоиҳаи худ қабул кардаанд. Иловатан ҳаҷми меъморӣ он аз таиноти функционалии маҷмааи низ ба миён омадааст. Агар ба намои зоҳирии маҷмаа нигарем, сохтмони периметрӣ бо ҳавлии дохила ва ҳаҷмчаҳои (кубикчаҳои) ҳарранга баръало маълум мегардад. Чи таври, ки аз таърих ба ҳама маълум аст – дар ҳудуди Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Миёна сохтмони периметрӣ бо ҳавлии дохила – яке аз принципҳои сохтмони халқии миллии мардуми тоҷик ва осиёи миёна мебошад. Ин гуна принсипи сохтмон аз асрҳои қадим то айни замон вуҷуд дорад ва машҳуру маъмул мебошад. Дар лоиҳа шарту-шароитҳои иқлими Тоҷикистон, алалхусус шаҳри Душанбе ба назар гирифта, айнан ин гуна ҷойгиронии блокҳои алоҳида дар асоси иқлим (климат) ба миён омадааст. Бо ин усул мутахассисони мо ҳар як биноро бо рушнои табии, инсолятсия, шамолдиҳӣ ва ғайра, ки барои офаридани микроклимат зарур аст, таъмин намудааст. Ғайр аз он, мо ҳар як биноро бо шабакаҳои муҳандисии бехатар таъмин намуда, дар оянда бехатар истифода менамоем. Яъне ҳар як блок таъминоти алоҳидаи худро доро мебошад. Беш аз ҳама бо ҷойгиронии блокҳои алоҳида меъёрҳои зиддисухторӣ пурро риоя мегардад. Дар лоиҳа ҳолати маҳал низ пурра ба назар гирифта шуда, релефи ҷойи интихобшуда низ максаднок истифода шудааст. Ин яке аз омилҳои паст намудани хароҷоти сохтмони маҳмааи мазкур мебошад. Маҷмаа аз ҷиҳати таинот ба як чанд ҳудудҳои функсионал, ки дар шарту-супориш дарғ гардидааст, ҷудо карда шудааст. Мувофиқи лоиҳа дар ҳудуди маҷмаа 12 адад биноҳои алоҳидаи чор ва се ошёнаи гуруҳию таълимӣ, 2 адад биноҳои се ошёнаи маҷмааи варзишию фарҳангӣ, 3 адад биноҳои чор ва шаш ошёнаи маъмуриву таълимии методӣ, ҳавлии дохилӣ бо боғи мавсимӣ барои сайру гашт ва машғулиятҳои табиатшиносӣ,