2013

БИНОИ ИСТИКОМАТИИ БАЛАНДОШЁНА БО МАРКАЗИ САВДО

Истиқоматии

Маълумот

Масоҳати умумии бино: ~14 500,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~44 500,00 м3;
Масоҳати умумии савдо: ~1 050,00 м2;
Масоҳати умумии маъмурӣ: ~4 050,00 м2;
Масоҳати умумии истиқоматӣ: ~8 500,00 м2;
Ошёнаҳо: 13 ошёна.

Гурӯҳи муаллифон

сармеъмор - Аноров Ғ. С.
меъмор - Содиқов Н. Ш.
3d-визуализатсия - Назаров О. Ҳ.
муҳандис-конструкторон - Бобоев Н. А., Ҳомидов Д.

Солнома

Лоиҳакашӣ: солҳои 2012-2013;
Сохтмон: солҳои 2013-2015 (дар марҳилаи сохтмон);
Истифодабарӣ: соли 2017;

Нишонӣ

Фармоишгар: Шахси инфиродӣ Мирзоев М. Ф. и Акобиров Ш. А.;
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Карамов;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

Бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази хизматрасони-маъмурии «Copy Center Project» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, ки яке аз мавзеъҳои хушрӯйтарин, муосир, фарҳангӣ ва рушди динамики доштаи шаҳр ҳисоб меёбад. Иншооти мазкур қад- қади хиёбони асосии шаҳр бо номи А. Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, қитъаи мазкур дар ҳалқаи якӯми шаҳр ҷойгир шудааст. Маҷмааи мазкур дар бурришҳои кӯчаҳоиК. Карамов ва А. Рӯдакии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Бинои мазкур бисёр бартариҳо дорад, ин ба мисоли масоҳати калони ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ки онро бо хоҳиши худ тарҳрези кардан мумкин, посбонии шабонарӯзӣ, гармидиҳии марказонидашуда ва худмухтор, телевизион ва интернет, ҳавлии ободгардида ва ҳамчунин таваққуфгоҳи зеризаминӣ. Ҳамаи ин барои фароҳам овардани шароити мусоиди бехатар барои зиндагӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ду адад манораи бисёрошнаи истиқоматии 13-ошёна иборат буда, дар ошёнаи якӯм маркази савдо ва маъмурӣ ҷойгир карда шудаанд.

Диққат диҳед!!! «манбаи аз нав бунёдгардидаи захираи барқ» Бо ин лоиҳа моён ба соҳибмулкон пешниҳод менамоем, ки ҳуҷраҳои худро аз рӯи технология ва дастгоҳҳои нави муосир аз нав тарҳрези намоянд. Ин барқ, оби гарм ва гармкунии ҳуҷраҳоро ройгон таъмин намояд. Бо ин Шумо метавонед саҳми арзандаи худро барои сохтмони экологӣ гузоред…