2011

МИНТАҚАИ ИСТИРОҲАТИИ НОРАК

Дизайни ландшафт

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~35500,00 м2;
Масоҳати умумии бино: ~150,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: -910,00м3;
Ошёнаҳо: 1 ва 2 ошёна;

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Г. С.
Меъморон - Содиқов Н. Ш.,
Ороишгари манзар - Назаров О. Х.
3d-визуализатсия - Назаров О. Х.
Ороишдиҳандаи манзара- Содиқов Н. Ш;
Муҳандисон-конструкторон - Бобоев Н. А. Шерматов С. А.

Солнома

Лоиҳакашӣ: соли 2011;
Сохтмон: солҳои 2011-2013 (анҷом ёфт);
Истифодабарӣ: семоҳаи якӯми соли 2013;

Нишонӣ

Фармоишгар: Шахси хусусӣ;
Суроға: шаҳри Норак, соҳили чапи дарёи Вахш;
Тарроҳӣ
Сохтмон

Тавсиф

Қитъаи лоиҳавӣ дар соҳили чапи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Ҳудуд хушманзараи куҳӣ буда, тибқи мулоҳизаҳои мутахассисони мо барои истироҳат ва вақт хушкунӣ, барои ором кардани асаб бисёр қулай аст. Дар наздикии қитъаи лоиҳавӣ дигар иморатҳо сохта нашудаанд. Атрофи он сабзазор аст. Дар атрофи он куҳҳои начандон баланд ҷойгир шуданд, ки бо сабзаҳо ва дарахтон рӯйпӯш карда шуданд. Вазифаи моён таҳия намудани манзараи ороиши бо баъзе сохтмонҳо буд. Дар чаҳор чӯбаи ин лоиҳа мутухассисони мо кӯшиш намудаанд табиати гирду атроф, буттаҳо ва дарахтонро нигоҳ доранд. Иморатҳо чӯбҳо, сангҳо ва лойҳо сохта шудаанд, ки аз ҷиҳати экологӣ масолеҳи тоза мебошанд. Ҳамчунин гулҳо, буттаҳо ва дарахтони сунъи ҳастанд. Асосан манзара аз растаниҳои сабзи мавҷудбуда оро дода шуданд. Дар дохили ҳудуд оби табии ва мавҷудбуда вуҷуд дорад. Аз рӯи лоиҳаи моён самт ва ҷойгиршавии дарёҳо ва кӯлҳо тағйир дода шуд.