2012

БАРНОМАИ ГРАНИ ДУШАНБЕ

Истиқоматии

Маълумот

Масоҳати умумии ҳудуд: ~16 000,00 м2;
Масоҳати умумии зерсохтмон: ~2 500,00 м2;
Масоҳати умумии бино: ~12500,00 м2;
Ҳаҷми сохтмон: ~354100,00 м3;
Масоҳати умумии савдо: ~2950,00м2;
Масоҳати умумии истиқоматӣ: -6500,00 м2;
Ошёнаҳо: 14 ва 12 ошёна.

Гурӯҳи муаллифон

Сармеъмор - Аноров Г. С.
Меъмор - Содиков Н. Ш.
3d-визуализатсия - Назаров О. Х.
Муҳандисо- конструкторон - Бобоев Н. А., Ҳомидов Д.;

Солнома

Тарҳрезӣ: 2010-2012;
Сохтмон: 2011-2014 (дар марҳилаи сохта шуда истодааст);
Истифода: семоҳаи аввали соли 2014;

Нишонӣ

Фармоишгар: Ширкати сохтмонӣ, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд «Строй-Центр»;
Суроға: шаҳри Душанбе, дар бурриши кӯчаҳои Пӯлодӣ ва Лоҳутӣ;
Тарроҳӣ
Ангора
Сохтмон

Тавсиф

Бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази савдо – хизматрасонии «Манораи сабз» дар ноҳияи Исмоили Сомони, шаҳри Душанбе, ки яке аз ноҳияҳои зеботарин, муосир, фарҳангӣ ва рушди динамики доштаи шаҳр ҳисоб меёбад, ҷойгир шудааст. Маҷмааи «Манораи сабз» дар бурриши кӯчаҳои Т. Пӯлодӣ ва А. Лоҳутии шаҳри Душанбе сохта мешавад. Афзалиётнокии асосӣ - ташкил ва муҳайё намудани шароити бехатар ва мусоид барои истиқоматкунандагони ин бино мебошад.

Лоиҳаи «Манораи сабз» аз ду адад манораи истиқоматии бисёрошёнаи баландиашон 14 ва 12 ошёна иборат буда, бо иморати савдои ҷамъияти якҷоя карда шудаанд.

Маҷмаа аз рӯи таъинот ба ошёнаҳо тақсим карда шудаанд:
• Масалан таҳхона барои таваққуфгоҳи шабонарӯзи ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истиқоматкунандагони ду манора лоиҳакашӣ шудааст.
• Ошёнаҳои якӯм ва дуюми маҷмаа барои савдо ва хизматрасонӣ таъингардидаанд, ки масоҳати он 3 000 м2–ро ташкил дода дар он супермаркетҳои маводҳои хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокӣ, оргтехникаи маишӣ, молҳои истеъмолӣ, умуман супермаркети универсиалӣ бо майдонҳои бозии кӯдакон ва майдонҳои шавқангез ва ҳамчунин қаҳвахонаҳо ҷойгир карда шудаанд.
• Дар ошёнаи сеюм боғчаи кӯдакон бо майдони кушод дар бомпӯши истифода бурда шавандаи ошёнаи дуюм ва ҳуҷраҳо бо ҳалли тарҳрезии махсус ҷойгир карда шудаанд.
• Аз ошёнаи чаҳорӯм то ошёнаҳои охирин ҳуҷраҳои истиқоматии шароити хуб ва масоҳати гуногун дошта ҷойгир карда шудаанд.

Диққат диҳед!!! «Аз нав барқарорсозии манбаи қувваи барқ». Бо ин лоиҳа моён ба соҳибмулкони ғайриманқул пешниҳод менамоем, ки манзилҳои бошукӯҳи худро бо технология ва дастгоҳҳои муосири захираи барқӣ аз нав лоиҳакашӣ намоянд. Ин ҳуҷраҳои истиқоматиро бо қувваи барқ, оби гарм ва гармкунӣ бепул таъмин менамояд. Шумоён бо ин метавонед саҳми арзандаи худро ба сохтмони экологӣ гузоред…